Добавить новость


World News in Tajik


Новости сегодня

Новости от TheMoneytizer

Дар Узбекистон ба таҷлили 75-солагии Парфӣ иҷозат надоданд

Дар Узбекистон ба таҷлили 75-солагии шоири маъруф Рауф Парфӣ, ки қарор буд, 25-уми сентябр дар Китобхонаи миллии Тошканд баргузор шавад, иҷозат надоданд. Намояндагони қишри эҷодкор дар эътироз ба ин тасмими мақомот дар Фейсбук маъракаеро таҳти унвони "#parfimaniya" ба роҳ монданд.


Дар чорабинии мазкур қарор буд, шеърҳои шоир қироат ва дар бораи эҷодиёти ӯ суханронӣ кунанд. Ҳамчунин намоиши саҳнаҳое дар назар буд, ки дар асоси шеърҳои Парфӣ омода шудаанд.


Як масъули Китобхонаи миллии Узбекистон ба номи Алишер Навоӣ гуфт, баргузории чорабиниро аз "боло" манъ карданд. "Ба таври шифоҳӣ дастур шуд, ки ҳеч гуна чорабинӣ баргузор карда нашавад", - афзуд ӯ.


Духтари калонии шоир Муноҷот Парфиева мегӯяд, дар ин бобат ба дастгоҳи президенти Узбекистон муроҷиат кард, вале посухе гирифта натавонист. "Ҷашни 75-солагии падари маро 18-уми сентябр манъ карданд. Ба худи ману созмондиҳандагони чорабинӣ гуфтанд, ки баргузории он "манъ" аст. Мансабдороне, ки падарамро дар зиндагияш азоб медоданд, баъд аз мурданаш ҳам ӯро осуда намегузоранд. Панҷ сол пеш ҳам манъ карда буданд", - афзуд Парфиева.


Сухангӯи Вазорати фарҳанги Узбекистон Мавлуда Аскархоҷаева гуфт, чорабинии марбут ба 75-солагии Парфӣ ба санаи дигар гузошта шуд. "Рӯзҳои наздик китоби бузурги шоир нашр мешавад. Бинобар ин, чорабинӣ ба рӯзи дигар гузошта шуд. Он ҳамроҳ бо рӯнамоии китоби шоир баргузор мешавад", - изҳор дошт Аскархоҷаева.


Шоири маъруф Рауф Парфӣ 28-уми марти соли 2005 дар шаҳри Тошканд даргузашт.

Читайте на сайте


Smi24.net — ежеминутные новости с ежедневным архивом. Только у нас — все главные новости дня без политической цензуры. Абсолютно все точки зрения, трезвая аналитика, цивилизованные споры и обсуждения без взаимных обвинений и оскорблений. Помните, что не у всех точка зрения совпадает с Вашей. Уважайте мнение других, даже если Вы отстаиваете свой взгляд и свою позицию. Мы не навязываем Вам своё видение, мы даём Вам срез событий дня без цензуры и без купюр. Новости, какие они есть —онлайн с поминутным архивом по всем городам и регионам России, Украины, Белоруссии и Абхазии. Smi24.net — живые новости в живом эфире! Быстрый поиск от Smi24.net — это не только возможность первым узнать, но и преимущество сообщить срочные новости мгновенно на любом языке мира и быть услышанным тут же. В любую минуту Вы можете добавить свою новость - здесь.




Новости от наших партнёров в Вашем городе

Ria.city
Музыкальные новости
Новости России
Экология в России и мире
Спорт в России и мире
Moscow.media










Топ новостей на этот час

Rss.plus