Масъулияти заҳролудшавии агенти пешини Русия Сергей Скрипал ва духтари ӯ Юлия, шахсан бар души президенти Русия Владимир Путин аст, - гуфт муовини вазири корҳои дохилии Британия дар умури масоли амният Бен Уоллес рӯзи 6 сентябр. Ба гуфтаи хабаргузории Associated Press, мақомдори Британия таъкид кард, ки маҳз Путин ҳамчун сарвари давлат "истихбороти низомии Русияро назорат, сармоягузорӣ ва раҳнамоӣ мекунад. Уоллес гуфт, ки Британия ба амалҳои душманонаи Русия муқовимат хоҳад кард.
Рӯзи чоршанбе нахуствазири Британия Тереза Мэй гуфт, ки корманди пешини Идораи истихбороти Русия Сергей Скрипал ва духтари ӯ Юлияро кормандони хадамоти махсуси Русия бо дастури Кремлин заҳролуд карданд. Додситонии Британи акси ду гумонбари ҳамларо, ки ба гуфтаи Лондон Скрипалро бо истифода аз заҳри фалаҷкунандаи асаб -"Новичок" заҳролуд карданд, нашр намуд. Лондон барои боздошти Алксандр Петров ва Руслан Башоров дастури аврупоӣ содир кард.
Русия борҳо даст доштанаш дар ин ҳамларо рад кардааст. Ба думболи пахши акси ду гумонбар Маскав гуфт, ки "ин одамонро намешиносад"
Сергей Скрипал ва духтари ӯ Юлия моҳи марти соли равон дар як боғи шаҳри Солсберии Британия дар ҳоли беҳушӣ пайдо шуданд. Онҳо чандин моҳ дар бемористон таҳти назорати табибон буданд.