Нашрияи The New York Times рӯзи чоршанбе мақолаи беимзои мақоми баландпояи маъмурияти президент Доналд Трампро нашр кард, ки худро узви гурӯҳи "муқовимат" номидаст. Ин гурӯҳ ба гуфтаи мақомдор аз ҳисоби сохторҳои раҳбарӣ буда, талош дорад "бадтарин тасмимҳо"-и Трампро хунсо кунад.
Мақомдори Кохи сафед, ки нахостааст номаш ошкор шавад, менависад, ки бахши умдаи ҳамкоронаш талош мекунанд паёмади "рафтори ғайри пешгӯӣ-и Доналд Трампро безарар ва аз қарорҳои баъзан "хом ва бепарвоёна"-и ӯ ҷилавгирӣ кунанд.
Муаллиф мавқеи шадиди маъмурияти Кохи сафед дар робита ба Русияро намуна овардааст, ки ба оҳанги изҳороти Трамп нисбати Кремлин ва Путин мувофиқат намекунад. Бинобар гуфтаи муаллифи мақолаи беимзои The New York Times, таҳримҳои зидди Русия аз баракати кормандони масъули бахши амнияти миллӣ густариш ёфтанд.
Президент Трамп мақоларо "шармандагӣ" ва баъдтар дар твиттер онро эҳтимоли хиёнат унвон кард. Ӯ аз нашрия талаб кард, ки ба хотири амнияти миллӣ номи муаллифро ошкор кунад.
Сухангӯи Кохи сафед Сара Сандерс аз муаллифи мақола, ки ба гуфтаи ӯ фиреб медиҳад ва аз президенти қонунӣ пуштибонӣ намекунад, даъват намуд, ки истеъфо диҳад.
Мақола як рӯз баъд аз чопи китоби нави Боб Вудворд "Ҳарос: Трамп дар Кохи сафед", нашр шуд. Дар яке аз бобҳои китоб омадааст, ки мушовири президент оиди масоили иқтисодӣ сандаи марбут ба таҳрими ИМА барои даст кашидан аз тиҷорат бо Кореяи Ҷанубиро аз рӯи мизи Доналд Трамп дуздид, то ӯ натавонад онро имзо кунад.