Кофӣ Аннон, собиқ дабири кулли Созмони Милали Муттаҳид ва барандаи ҷоизаи сулҳи Кобел даргузашт. Дар Бунёди ба номи Кофӣ Аннон рӯзи 18-уми август гуфтанд, ки ӯ баъди беморӣ дар 80-солагӣ дар Швейтсария бо дунё падруд гуфт.
Кофӣ Аннон аз соли 1997 то 2006 дабири кулли Созмони Милали Муттиҳид буд. Вай нахустин нафари сиёҳпӯст буд, ки ба ин мақом расид.
Ин зодаи Гана таҳсилдидаи донишгоҳҳои Амрикову Аврупо буда, дар солҳои шастум дар сохторҳои гуногуни Созмони Милали Муттаҳид кор кардааст.
Кофӣ Анрнон соли 2011 фиристодаи вижаи Созмони Милал дар умури Сурия буд. Вале талошҳои ӯ ҳам натавонист низоъ дар ин кишвари Ховари Миёнаро боздорад. Баъдан аз ин мақом канор рафт.