12 мақоми баландпояи истихбороти Амрико, бо шумули шаш раҳбари пешини Идораи истихборот, рӯзи панҷшанбе дар як нома алайҳи қарори президент Трамп, барои манъи дастрасии раҳбари пешини Идораи истихборот Ҷон Бреннан ба асрори давлатӣ, эътироз карданд.
Муаллифони ин нома гуфтанд, ки "амали президент ба масоили амниятӣ рабте надорад" ва танҳо талошест барои "хомӯш кардани озодии баён". Ба гуфти онҳо, президент дар қабули ин қарор аз зовияи сиёсӣ бархурд кардааст, на манофеи давлат.
Уилям Макрейвен, ки ба амалиёти маҳви Бен Лоден раҳбарӣ кардааст, ба нашрияи the Washington Post гуфт, ки "боиси ифтихор" мебуд, агар раҳбари Кохи сафед дастрасии ӯро низ ба маводи сиррӣ лағв мекард. Маквейрен хусусиятҳои раҳбарии президентро рад карда ва гуфт, ки Трамп "Амрикоро дар назари ҷомеаи ҷаҳонӣ паст зад" ва ҷомеаи Амрикоро тақсим кард. Ӯ Беннанро ҳамчун инсони "пок ва ростқавл" тавсиф кард.
Ба феҳрасти онҳое, ки санадро имзо кардаанд, исми генерали мустаъфӣ Дэвид Петреус, Леон Панетта, раҳбари пешини Идораи истихборот Ҷеймс Клаппер ва панҷ раҳбари пешини ЦРУ шомил шудааст.
Трамп қарори хат задани номи Бреннан аз дастрасӣ ба асрори давлатро ба дахолати Русия дар умури интихобот марбут кард. Ӯ дар твиттер навишт, ки Бреннан бо изҳороташ, ки президент бо "давлати хориҷӣ созиш кард" эътиборашро аз даст дод.
Раҳбари Кумитаи сенат дар умури истихборот Ричард Берр низ аз Бреннан интиқод кард. Ӯ гуфт, Бренан дар вақти раҳбарияш ба Идораи истихборот дар бораи робитаи эҳтимолии президент бо Русия чизеро медонист ва бояд он вақт амал мекард на ҳоло, ки аз мақом рафтааст.
Ба навиштаи the Washington Post, акнун Трамп боз чанд номи дигарро аз феҳрасти дастрасӣ ба асрори давлатӣ хат мезанад. Ба ин гурӯҳ раҳбари пешини FBI Ҷеймс Коми, ки дахолати Русия ба интихоботро таҳқиқ мекард ва ноиби пешини раҳбари FBI шомил мешаванд.