Добавить новость


World News in Tajik


Новости сегодня

Новости от TheMoneytizer

БҶ: "Ҷалби сармояи хориҷӣ ба Тоҷикистон коҳиш ёфтааст"

Тибқи як гузориши Бонки ҷаҳонӣ, дар соли 2017 ва нимсолаи аввали соли ҷорӣ ҷалби сармояи хориҷӣ ба Тоҷикистон 14.3 дар сад коҳиш ёфтааст.  Масъулони Бонки ҷаҳонӣ зимни баррасии вазъи иқтисодии минтақа рӯзи 13-уми уми июл гуфтанд, ки сабаби аслии кам шудани сармоягузорӣ, идомаи бӯҳрони бонкӣ ва боқӣ мондани нобоварии сармоягузорони хориҷӣ аст. Новобаста ба тадбирҳои давлати Тоҷикистон дар бораи ҷалби сармояи хориҷӣ, ин тамоюл ба самти манфӣ идома кардааст. Ҳоло аз чор се ҳисаи сармоягузорӣ дар иқтисоди Тоҷикистонро, сармоягузории давлатӣ ташкил медиҳад.


Петер Олтер, коршиноси Бонки ҷаҳонӣ дар бораи рушди иқтисоди Тоҷикистон гуфт, ки вуҷуди мушкили ҳалношуда сабаби ба кундӣ рушд кардани бахши хусусӣ шудааст. Паст кардани сатҳи камбизоатӣ ҳам ба гуфтаи коршиносони Бонки ҷаҳонӣ, ба кундӣ ҷараён дорад ва тадбирҳои андешида сатҳи камбизоатиро то 29.5 дарсат коҳиш додааст. 


Дар ин нишаст гуфта шуд, ки боз шудани марзҳо миёни кишварҳои ҳамсоя, сабаби коҳишёбии таварум дар Тоҷикистон дар соли гузашта ва нимсолаи аввал шудааст. Таҳлилгарони Бонки ҷаҳонӣ дар бораи вазъи имрӯзаи иқтисоди Тоҷикистон ҳамчунин гуфтанд, ки дар шароити феълӣ беш аз 50 дарсади Маҷмуи маҳсулоти дохилиро ташкил кардани қарзи берунаи Тоҷикистон, барои кишвар хавф дорад. Зеро ба бовари онҳо, Тоҷикистон тавони пардохти ин қарзҳоро надорад. 

Читайте на сайте


Smi24.net — ежеминутные новости с ежедневным архивом. Только у нас — все главные новости дня без политической цензуры. Абсолютно все точки зрения, трезвая аналитика, цивилизованные споры и обсуждения без взаимных обвинений и оскорблений. Помните, что не у всех точка зрения совпадает с Вашей. Уважайте мнение других, даже если Вы отстаиваете свой взгляд и свою позицию. Мы не навязываем Вам своё видение, мы даём Вам срез событий дня без цензуры и без купюр. Новости, какие они есть —онлайн с поминутным архивом по всем городам и регионам России, Украины, Белоруссии и Абхазии. Smi24.net — живые новости в живом эфире! Быстрый поиск от Smi24.net — это не только возможность первым узнать, но и преимущество сообщить срочные новости мгновенно на любом языке мира и быть услышанным тут же. В любую минуту Вы можете добавить свою новость - здесь.




Новости от наших партнёров в Вашем городе

Ria.city
Музыкальные новости
Новости России
Экология в России и мире
Спорт в России и мире
Moscow.media










Топ новостей на этот час

Rss.plus