Доктор Абдуллоҳ Абдуллоҳ ба Тоҷикистон меояд
Қарор аст, Абдуллоҳ Абдуллоҳ дар Конфронси байналмилалии “Об барои рушди устувор”, ки рӯзҳои 20-22-юми июн дар Душанбе доир мешавад, ширкат кунад. Абдуллоҳ Абдуллоҳ дар моҳи июни соли 2015 низ ба Тоҷикистон омада буд.
Вазорати умури хориҷии Тоҷикистон, инчунин, хабар дод, ки рӯзҳои 19-22-юми июн Мамнун Ҳусейн, президенти Покистон бо сафари расмӣ ба Тоҷикистон меояд. Интизор меравад, ӯ низ дар Конфронси байналмилалии "Об барои рушди устувор" иштирок кунанд.