Сархатиби Тошканд Қорӣ Анвар Турсунов даргузашт
Бино ба хабарҳо, ҷанозаи Қорӣ Анвар Турсунов имрӯз, 13 июн баъд аз намози аср дар масҷиди ҷомеи "Манор"-и Тошканд баргузор хоҳад шуд.
"Мусулмонони мо имрӯз талафоти бузург диданду мусибати вазнин доранд. Устоди муҳтарами мо, ки ҳатто дар берун аз кишвар маъруфанд, моро тарк карданд. Раҳбарият, уламо, имом-хатибон ва мударрисони Идораи мусулмонони Узбекистон ба наздикону пайвандони марҳум ҳамдардӣ баён мекунанд", - омадааст дар иттилоияи идора.
Қорӣ Анвар Турсунови 60-сола 5 апрел дар Беморхонаи ҷумҳуриявии "Ёрии таъҷилӣ"-и Узбекистон ҷарроҳӣ шуд. Ӯ аз он замон ба ин сӯ дар ҳолати вазнин - беҳушӣ қарор дошт.
Рӯзҳои 4 ва 8 июн дар шабакаҳои иҷтимоӣ хабар доданд, ки Турсунов даргузашт. Вале Идораи мусулмонони Узбекистон ин хабарро рад кард.
Қорӣ Анвар Турсунов яке аз руҳониёни маъруфи Узбекистон аст. Соли 2009 ба ҷони ӯ сӯиқасд шуда буд. Шаби 31 июли ҳамон сол се шахси ношинос Турсуновро дар назди хонааш 9 корд заданд. Бо гумони сӯиқасд ба ҷони руҳонӣ ҳудуди 70 кас боздошт, вале ин парванда пушти дарҳои баста баррасӣ шуд.
Турсунов аз соли 1999 сархатиби Тошканд буд. Солҳои 1989-1992 ӯ матни баргардони китоби Қуръон бо забони узбекиро, ки шайх Аловуддин Мансур анҷом дода буд, таҳрир кардааст.