Вазорати адлияи ИМА рӯзи 7 май гуфт, ки як марди покистонӣ дар додгоҳ эътироф кард, ки дар солҳои 2012-2018 аз ҷониби ҳукумати Покистон барои ҳимоят аз манфиатҳои кишвараш лоббигарӣ кардааст. Нисор Аҳмад Чодурии 71-сола эътироф кард, ки ба ҳайси як агенти хориҷии сабтиномнашуда бо ҳадафи таъсиргузорӣ ба сиёсати Амрико дар робита бо Покистон кор кардааст.
Агар додгоҳ ӯро гунаҳгор эълон кунад, ӯро то 5 соли зиндон таҳдид мекунад. Интизор меравад, ки ҳукми ӯ 30 июл эълон шавад. Қонуни Амрико бо номи “Аҳдномаи сабтиноми агентҳои хориҷӣ” тақозо мекунад, ки афроди машғули лоббигарӣ ё ҳомии манфиатҳои сиёсии ҳукуматҳои хориҷӣ дар Амрико бояд исми худро ба Вазорати адлия рӯшан кунанд. Вазорати адлияи ИМА ҳодисаҳои ҳамсонро хеле кам то ба додгоҳ бурда, маъмулан талош кардааст мардумро ба риояи қонун ташвиқ кунад.
Дар як бахши эътирофаш Чодурӣ, сокини шаҳраки Колумбия гуфтааст, ки ба ҳайси як агенти Покистон ба хотири гирифтани маълумоти бештар ва ба хотири таъсиргузорӣ ба сиёсатҳои ИМА дар нисбати Покистон кор кардааст. Додситонҳо гуфтанд, ки Чодурӣ, ки худро президенти Лигаи Покистону Амрико муаррифӣ мекард, дар Вашингтон бо ташкили мизигирдҳое талош мекард ба сиёсати Амрико таъсиргузор шавад. Ӯ инчунин ба Покистон сафар карда, маълумоти дар Амрико ҷамъовардаашро дар ихтиёри ҳукумати Исломобод қарор медод.