Мақомоти Тоҷикистон аз ду бонки байналмилалӣ хостаанд, ки дар сохтмони нирӯгоҳи Роғун – бузургтарин тарҳи иқтисодии кишвар – саҳм бигиранд. Раҳбарияти Бонки Миллии Тоҷикистон дар мулоқот бо Вазил Ҳудак, муовини раиси Бонки сармоягузории Аврупо ва Юрген Ригторинг, муовини мудири Бонки Аврупоии Таҷдид ва Рушд гуфтаанд, ки тарҳи “Роғун” аҳамияти минтақавӣ дорад.
Ин мулоқот рӯзи 25-уми апрел дар Вашингтон сурат гирифтааст. Ҷамшед Нурмуҳаммадзода, раиси Бонки Миллӣ ва муовини аввалаш Ҷамолиддин Нурализода гуфтаанд, ки иқтидори гидроэнергетикии Тоҷикистон зиёд аст кишвар ба чунин тарҳҳо бартарӣ медиҳад.
Қаблан Тоҷикистон ният дошт, ки сохтмони нирӯгоҳи Роғунро ба танҳоӣ ва бо сармояи дохилӣ, аз ҷумла фурӯши саҳмияҳо бисозад. Аммо фурӯши саҳмияҳо дар соли 2010 дер напоид ва ин маърака бо талаби ниҳодҳои молии байналмилалӣ қатъ гардид.
Соли гузашта Тоҷикистон евробондҳояшро ба маблағи панҷсад миллион доллар ба фурӯш баровард ва мақомот гуфтанд, пули бадастомада ба сохтмони Роғун сарф хоҳад шуд.