Добавить новость


World News in Tajik


Новости сегодня

Новости от TheMoneytizer

Лавров: Ҳамлаи кимиёвӣ дар Сурия "саҳнасозии хадамоти махсуси як давлат аст"

Вазири корҳои хориҷии Русия Сергей Лавров гуфт, Маскав "далели мӯътамад" дорад, ки ҳамлаи кимиёвии пешбинишуда дар шаҳри Думаи Сурия "саҳнасозӣ" буд. Ӯ масъулияти ин ҳамларо бар дӯши хадамоти махсуси давлате гузошт, ки талош дорад дар сафи пеши маъракаи "русбадбинӣ" қарор бигирад. Лавров нагуфт, ки кадом давлатро дар назар дорад.


Қаблан президенти Фаронса Эммануэл Макрон гуфт, Порис "далел"-и ҳамлаи кимиёвиро дарёфт кардааст ва масъулияти ҳамлаи рӯзи 7-уми апрел бар дӯши артиши Башор Асад аст. Матбуоти Амрико бо такя ба манбаъҳои худ менависад, мақомоти Амрико низ далеҳое доранд, аммо мегӯянд, ки ба ҷустуҷӯи маълумоти ҳамла идома медиҳанд. 


Британия низ дар робита ба истифодаи силоҳи кимиёвӣ аз масъулияти режими Асад сӯҳбат мекунад. Ин се кишвар фаъолияти худро дар ин самт ҳамоҳанг мекунанд ва эҳтимоли ҳамла ба Сурия аз барномаи онҳо берун нест. Дар мулоқот бо вазири корҳои хориҷии Нидерландия дар Маскав Лавров эҳтимоли ҳамла ба Сурияро "моҷароҷӯӣ" номид ва гуфт, ки он мавҷи паноҳандагонро ба Аврупо сарозер мекунад.


Вазири корҳои хориҷии Олмон Ҳуго Маас рӯзи ҷумъа гуфт, ки Ғарб бояд фишор ба Русияро афзун кунад, ки он дар  дар ҷилавгирӣ аз истифодаи силоҳи кимиёвӣ ва умумуман ҳалли низои Сурия бо ҷомеаи ҷаҳонӣ ҳамкорӣ кунад. Бидуни таъғир дар мавқеи Русия ҳалли низои Сурия бо роҳи осоишта имкон надорад,- гуфт Маас.


Қарор аст, ки Шӯрои амнияти СММ барои ҷаласаи навбатии Сурия рӯзи ҷумъа ҷамъ шавад.

Читайте на сайте


Smi24.net — ежеминутные новости с ежедневным архивом. Только у нас — все главные новости дня без политической цензуры. Абсолютно все точки зрения, трезвая аналитика, цивилизованные споры и обсуждения без взаимных обвинений и оскорблений. Помните, что не у всех точка зрения совпадает с Вашей. Уважайте мнение других, даже если Вы отстаиваете свой взгляд и свою позицию. Мы не навязываем Вам своё видение, мы даём Вам срез событий дня без цензуры и без купюр. Новости, какие они есть —онлайн с поминутным архивом по всем городам и регионам России, Украины, Белоруссии и Абхазии. Smi24.net — живые новости в живом эфире! Быстрый поиск от Smi24.net — это не только возможность первым узнать, но и преимущество сообщить срочные новости мгновенно на любом языке мира и быть услышанным тут же. В любую минуту Вы можете добавить свою новость - здесь.




Новости от наших партнёров в Вашем городе

Ria.city
Музыкальные новости
Новости России
Экология в России и мире
Спорт в России и мире
Moscow.media










Топ новостей на этот час

Rss.plus