Добавить новость
World News in Tajik


Новости сегодня

Новости от TheMoneytizer

Русия таҳримҳои ҷавобии зидди Амрикоро баррасӣ мекунад

Гурӯҳи намояндагони мардумӣ дар Думаи давлатии Русия пешниҳод карданд, ки дар посух ба таҳримҳои ИМА алайҳи Русия, маҳсулоти тавлиди Амрико таҳрим шавад.


Раиси Думаи давлатӣ Иван Мелников рӯзи 13-уми апрел гуфт, таҳрим коҳиши равобити иқтисодӣ бо Амрикоро низ дар назар хоҳад дошт.


Пешнависи қонун ҳафтаи оянда дар палатаи поёнии порлумон баррасӣ мешавад. Аммо маълум нест, ки намояндагони мардумӣ пешнависро дар шакли феълӣ ба овоз мегузоранд ва оё Кремлин аз ин чораҳо пуштибонӣ мекунад, ё не. 


Таҳлилгарон мегӯянд, Кремлин гоҳ-гоҳ барои пайғом додан ба қудратҳои хориҷӣ аз порлумон истифода мекунад. Аммо на ҳамеша ин пайғомҳо амалӣ мешаванд. 


Кремлин мегӯяд, бо пешнависи қонун дар бораи таҳримҳо ошно нашудааст, аммо хоҳиши намояндагони мардумиро барои посух додан ба ИМА дарк мекунад.


Пешнависи қонун ҷорӣ кардани таҳрим ба технологияҳои сохти ИМА, аз ҷумла нармафзорҳо, молҳои кишоварзӣ, тамоку ва алкоҳолро дар назар дорад. Ҳамчунин манъи ҳамкории Русияву Амрико дар заминаи нерӯи ҳастаӣ, муҳаррики мушакҳо ва ҳавопаймосозӣ низ матраҳ аст.


Рӯзи 6-уми апрел Иёлоти Муттаҳидаи Амрико 14 ширкат ва 24 шаҳрванди Русия - соҳибкорон ва мақомдоронро таҳрим кард. Маҳдудиятҳо дар заминаи дахолати Русия ба умури интихоботи соли 2016-и Амрико ҷорӣ шуданд. Таҳримҳои Амрико бозори бурси Русияро шадидан такон дод. Коҳиши фурӯши саҳҳом танҳо дар як рӯз 1 триллиону 700 миллион руб хисорот ба бор овард.

Читайте на сайте


Smi24.net — ежеминутные новости с ежедневным архивом. Только у нас — все главные новости дня без политической цензуры. Абсолютно все точки зрения, трезвая аналитика, цивилизованные споры и обсуждения без взаимных обвинений и оскорблений. Помните, что не у всех точка зрения совпадает с Вашей. Уважайте мнение других, даже если Вы отстаиваете свой взгляд и свою позицию. Мы не навязываем Вам своё видение, мы даём Вам срез событий дня без цензуры и без купюр. Новости, какие они есть —онлайн с поминутным архивом по всем городам и регионам России, Украины, Белоруссии и Абхазии. Smi24.net — живые новости в живом эфире! Быстрый поиск от Smi24.net — это не только возможность первым узнать, но и преимущество сообщить срочные новости мгновенно на любом языке мира и быть услышанным тут же. В любую минуту Вы можете добавить свою новость - здесь.




Новости от наших партнёров в Вашем городе

Ria.city
Музыкальные новости
Новости России
Экология в России и мире
Спорт в России и мире
Moscow.media










Топ новостей на этот час

Rss.plus