Добавить новость
World News in Tajik


Новости сегодня

Новости от TheMoneytizer

Нигаронии Амрико аз идомаи боздошти Хайрулло Мирсаидов

Амрико аз тамдиди муҳлати боздошти Хайрулло Мирсаидов – журналист ва раҳбари КВН-и Тоҷикистон – изҳори нигаронӣ кард. Мишел Сайдерс, муовини раҳбари намояндагии Амрико дар Созмони Амнияту Ҳамкории Аврупо (Вена) рӯзи 12-уми апрел дар изҳороте аз Тоҷикистон хост, баррасии парвандаи Мирсаидовро зудтар анҷом диҳад.


"Боздошти ӯ фишори афзоянда ба озодии расонаҳоро дар Тоҷикистон нишон медиҳад. Далеле ки чанд журналистро ба тарки кишвар маҷбур кард ва ба қатъи фаъолияти чанд расонаи мустақил сабаб гардид”, - гуфтааст Сайдерс.


Амрико гуфтааст, Тоҷикистон ҳамчун узви САҲА бояд масъулиятҳои байналмилалии худро дар мавриди таъмини озодии баён риоя кунад.


Муҳлати тафтиши парвандаи Хайрулло Мирсаидов, журналист ва раҳбари КВН-и Тоҷикистон, то моҳи июни имсол дароз шудааст. Як манбаъ дар мақомоти интизомии Суғд рӯзи 4-уми апрел ба Радиои Озодӣ гуфта буд, ки “ин муҳлат имкон хоҳад дод, парванда ҳаматарафа таҳқиқ шавад”.


Мирсаидов рӯзи 5-уми декабри соли 2017, баъди он дастгир гардид, ки дар як изҳороти чопӣ дар интернет иддао кард, сардори собиқи раёсати ҷавонон, варзиш ва сайёҳии Суғд Олим Зоҳидзода барои қабули ҳисоботи хароҷоти дастаи КВН аз ӯ ҳазор доллар ришва талаб дорад. Зоҳидзода шаъну шарафи худро поймолшуда донист ва ба додситонӣ шикоят бурд.


Ҳоло ӯ бар асоси 4 моддаи қонуни ҷиноӣ, аз ҷумла “исрофкорӣ” ва "барангехтани кинаю адовати миллӣ, нажодӣ, маҳалгароӣ ё динӣ” муттаҳам аст. Созмонҳои ҳомии хабарнигорон боздошти ӯро дорои ангезаи сиёсӣ дониста борҳо ба раҳоии ӯ даъват кардаанд.

Читайте на сайте


Smi24.net — ежеминутные новости с ежедневным архивом. Только у нас — все главные новости дня без политической цензуры. Абсолютно все точки зрения, трезвая аналитика, цивилизованные споры и обсуждения без взаимных обвинений и оскорблений. Помните, что не у всех точка зрения совпадает с Вашей. Уважайте мнение других, даже если Вы отстаиваете свой взгляд и свою позицию. Мы не навязываем Вам своё видение, мы даём Вам срез событий дня без цензуры и без купюр. Новости, какие они есть —онлайн с поминутным архивом по всем городам и регионам России, Украины, Белоруссии и Абхазии. Smi24.net — живые новости в живом эфире! Быстрый поиск от Smi24.net — это не только возможность первым узнать, но и преимущество сообщить срочные новости мгновенно на любом языке мира и быть услышанным тут же. В любую минуту Вы можете добавить свою новость - здесь.




Новости от наших партнёров в Вашем городе

Ria.city
Музыкальные новости
Новости России
Экология в России и мире
Спорт в России и мире
Moscow.media










Топ новостей на этот час

Rss.plus