Добавить новость


World News in Tajik


Новости сегодня

Новости от TheMoneytizer

Саакашвилии рондашуда гуфт, ки "гардани раҳбарони Киевро мешиканад"

Михаил Саакашвили, раҳбари "Ҷумбиши нерӯҳои нав"-и Украина, як рӯз баъди хуруҷи иҷбориаш ба Лаҳистон бо лаҳни тунд дар Варшава қавл дод, ки муборизаро бар зидди раҳбарони Киев идома медиҳад. Ӯ хуруҷи иҷбоиашро кори президент Порошенко медонад ва рӯзи 13 феврал дар нишасти матбуотӣ гуфт, "мо гардани Порошенко ва додситони кулл Лутсенкоро мешиканем".


"Онҳо ба зиндон мераванд - на ба Аврупо, рост ба зиндони Украина",- гуфт Михаил Саакашвилӣ. Президенти пешини Гурҷистон Михаил Саакашвилӣ, ки бо пешниҳоди президенти Украина Петро Порошенко раҳбарии минтақаи Одессаро бар дӯш гирифт, баъдан бар сари ислоҳот ва мубориза бо фасодкорӣ аз мухолифони шарики пешинаш шуд. 


Саакашвилӣ рӯзи 12 феврал дар яке аз тарабхонаҳои Киев аз тарафи ходимони марзбонӣ, ки дар чеҳраҳояшон ниқоб доштанд, боздошт шуд. Ӯро ба фурӯдгоҳ бурданд ва аз онҷо ба Лаҳистон, кишваре, ки моҳи сентябри соли 2017 Саакашвили тавассути он ба Украина ворид шуда буд, фиристоданд.


Саакашвилӣ, ки дар нишасти матбуотӣ гоҳ ба забони англисӣ, гоҳ ба украинӣ ва гоҳ ба русӣ сӯҳбат мекард, гуфт, ки сарфи назар аз ҳузураш дар хориҷи Украина аз мубориза бар зидди ҳукумати Порошенко даст намекашад.

Читайте на сайте


Smi24.net — ежеминутные новости с ежедневным архивом. Только у нас — все главные новости дня без политической цензуры. Абсолютно все точки зрения, трезвая аналитика, цивилизованные споры и обсуждения без взаимных обвинений и оскорблений. Помните, что не у всех точка зрения совпадает с Вашей. Уважайте мнение других, даже если Вы отстаиваете свой взгляд и свою позицию. Мы не навязываем Вам своё видение, мы даём Вам срез событий дня без цензуры и без купюр. Новости, какие они есть —онлайн с поминутным архивом по всем городам и регионам России, Украины, Белоруссии и Абхазии. Smi24.net — живые новости в живом эфире! Быстрый поиск от Smi24.net — это не только возможность первым узнать, но и преимущество сообщить срочные новости мгновенно на любом языке мира и быть услышанным тут же. В любую минуту Вы можете добавить свою новость - здесь.




Новости от наших партнёров в Вашем городе

Ria.city
Музыкальные новости
Новости России
Экология в России и мире
Спорт в России и мире
Moscow.media










Топ новостей на этот час

Rss.plus