Добавить новость


World News in Tajik


Новости сегодня

Новости от TheMoneytizer

15 соли зиндон барои иҷрои “фармон”-ҳои Мулло Абдулло

Додгоҳи олии Тоҷикистон Неъматулло Назиров, сокини 43-солаи деҳаи Муҷихарфи ноҳияи Нуроободро ба ҷурми узвият дар гурӯҳи Мулло Абдулло ва куштор дар солҳои навадум ба 15 соли зиндон маҳкум кардааст.


Мақомоти Додситонии кулли Тоҷикистон рӯзи 13-уми январ гуфтанд, ин ҳукми Додгоҳи олӣ охири моҳи декабри соли гузашта содир шуд. То ба ҳол маълум нест, ки оё наздикони Неъматуло Назиров аз рӯи ин ҳукм шикоят бурдаанд, ё не. Инчунин, ба сабаби пӯшида гузаштани мурофиаи ӯ маълум нест, худаш дар толори додгоҳ чӣ гуфтааст.


Неъматулло Назиров моҳи сентябри соли гузашта аз тарафи нирӯҳои пулис боздошт ва дар навори бозпурсиаш гуфта буд, “ҳарчи дар солҳои навадам Мулло Абдулло барояш фармуд, иҷро кардааст”. Абдулло Раҳимов, раҳбари як гурӯҳи мусаллаҳи мухолиф, шарти сулҳи ҳукумат ва нирӯҳои оппохитсиюни тоҷикро напазируфта ва солҳо бо ҳукумат муборизаи мусаллаҳона мебурд. Ӯ дар соли 2011 дар як амалиёт дар водии Рашт кушта шуд.




Дар навори бозпурсии Неъматулло Назиров дар моҳи сентябр, ки Вазорати умури дохилии Тоҷикистон пахш кард, гуфта мешавад, вай аз соли 1993 то 1998 бо супориши Мулло Абдулло дидбонгоҳ ташкил карда, ба куштори мардуми оддӣ ва низомиён даст задааст. Додситонии кулл ҳам мегӯяд, моҳи июни соли 1996 Назиров ва ҳамроҳонаш ба мусофирбари ҳомили низомиён ва шаҳрвандони оддӣ ҳамла кардаанд, ки дар натиҷа 7 нафар кушта ва 6 тани дигар, аз ҷумла як наврас, захмӣ шудаанд.


Неъматулло Назиров дар навори бозпурсии моҳи сентябр гуфта буд, бо фармони Мулло Абдулло ба ин кор даст задааст. Ӯ гуфта буд, “автобус 80 метр ақиб рафт ва шояд ронанда мурда буд, ки ба ҷарӣ афтод. Ба пеши Мулло Абдулло рафта гуфтем, ки чӣ хеле супориш додед, иҷро кардем. Мулло Абдулло каме истод ва гуфт, ки хуб кардед.”


Мақомот тоза ин мусофирбарро аз ҷарӣ берун оварда, тирҳои расидаи онро ҳисоб кардаанд. Бар асоси гузориш дар бозмондаҳои ин мошин 30 пайи тир ошкор шудааст.


Сабриддин Асроров, хусури Неъматулло Назиров дар навори Вазорати умури дохилӣ мегӯяд, пас аз соли 1998 домодаш ду граната ва як автоматро ба ӯ супурда, худаш ба Русия рафта буд.


Ин мард дар ҳоле боздошт ва зиндонӣ шудааст, ки ахиран мақомот аз боздошти яке дигар аз ёрон ё ҳамроҳони Мулло Абдулло хабар доданд. Баъзе собиқадорони мақомоти интизомӣ мегӯянд, дар солҳои навадум баррасӣ ва муҳокимаи аъзои гурӯҳҳо кори осоне набуд. Онҳо мегӯянд, ҳоло вақташ расидааст, то парда аз рӯи бисёре аз парвнадаҳо бардошта мешавад.


Баъзе аз мудофеони ҳуқуқи башар мегӯянд, аммо набояд аз ҳодисаҳои гузашта суистифода шавад.

Читайте на сайте


Smi24.net — ежеминутные новости с ежедневным архивом. Только у нас — все главные новости дня без политической цензуры. Абсолютно все точки зрения, трезвая аналитика, цивилизованные споры и обсуждения без взаимных обвинений и оскорблений. Помните, что не у всех точка зрения совпадает с Вашей. Уважайте мнение других, даже если Вы отстаиваете свой взгляд и свою позицию. Мы не навязываем Вам своё видение, мы даём Вам срез событий дня без цензуры и без купюр. Новости, какие они есть —онлайн с поминутным архивом по всем городам и регионам России, Украины, Белоруссии и Абхазии. Smi24.net — живые новости в живом эфире! Быстрый поиск от Smi24.net — это не только возможность первым узнать, но и преимущество сообщить срочные новости мгновенно на любом языке мира и быть услышанным тут же. В любую минуту Вы можете добавить свою новость - здесь.




Новости от наших партнёров в Вашем городе

Ria.city
Музыкальные новости
Новости России
Экология в России и мире
Спорт в России и мире
Moscow.media










Топ новостей на этот час

Rss.plus