Добавить новость
World News


Новости сегодня

Новости от TheMoneytizer

Гуштигирони тоҷик дар Бишкек ду медал гирифтанд

Варзишгарони тоҷик дар мусобиқоти қаҳрамонии гуштии варзишии Осиё, ки рӯзҳои 6-12 апрел дар пойтахти Қирғизистон – шаҳри Бишкек - баргузор шуд, ду медали биринҷӣ ба даст оварданд.

Дар ин мусобиқа, ки дар риштаи гуштии варзишӣ (гуштии юнону румӣ, гуштии озод ва гуштии занона) доир гардид, ба ҳайати дастаи мунтахаби Тоҷикистон 13 варзишгар (12 мард ва 1 зан) дохил буданд.

Ду медалро намояндагони Тоҷикистон дар риштаи гуштии озод байни мардон гирифтанд. Дар ин намуд дар ҳайати мунтахаби Тоҷикистон ҳашт нафар рақобат карданд: -57 кг: Айаал Белолюбский, -65 кг: Абдулмаҷид Кудиев, -70 кг: Виктор Рассадин, -74 кг: Мустафо Аҳмадов, -79 кг: Сомон Икромов, -86 кг: Баҳодур Қодиров, -92 кг: Исмоил Картоев, -97 кг: Раҳмон Маҳмадбеков.

Аз байни онҳо Абдулмаҷид Кудиев ва Мустафо Аҳмадов барандагони медали биринҷӣ гардиданд. Кудиев дар вазни то 65 кило дар қувваозмоӣ барои ҷойи сеюм намояндаи Қирғизистон Рустамҷон Қаҳоровро бо ҳисоби 10:7 мағлуб кард.

65 кг: 1. Суҷит Калкал (Ҳиндустон), 2. Умедҷон Ҷалолов (Узбекистон), 3. Абдулмаҷид Кудиев (Тоҷикистон) ва Алибег Алибегов (Баҳрайн).

Гуштигири дигари тоҷик Мустафо Аҳмадов дар вазни то 74 кило дар мубориза барои медали биринҷӣ намояндаи Узбекистон Бегиҷон Қулдошевро бо ҳисоби 7:6 шикаст дод.

74 кг: 1. Йошиносуке Аояги (Ҷопон), 2. Магомедрасул Аслуев (Баҳрайн), 3. Мустафо Аҳмадов (Тоҷикистон) ва Амир Яздонӣ (Эрон).

Дар сабқати гуштии занона Тоҷикистонро Ватансултон Шакаршоева дар вазни то 53 килограмм намояндагӣ кард. Вай аз медал бенасиб монд.

Дар мусобиқоти қаҳрамонии Осиё дар риштаи гуштии варзишӣ дар Бишкек наздики 350 гуштигир аз 31 кишвар барои 30 маҷмуи медалҳо мубориза бурданд.

Читайте на сайте


Smi24.net — ежеминутные новости с ежедневным архивом. Только у нас — все главные новости дня без политической цензуры. Абсолютно все точки зрения, трезвая аналитика, цивилизованные споры и обсуждения без взаимных обвинений и оскорблений. Помните, что не у всех точка зрения совпадает с Вашей. Уважайте мнение других, даже если Вы отстаиваете свой взгляд и свою позицию. Мы не навязываем Вам своё видение, мы даём Вам срез событий дня без цензуры и без купюр. Новости, какие они есть —онлайн с поминутным архивом по всем городам и регионам России, Украины, Белоруссии и Абхазии. Smi24.net — живые новости в живом эфире! Быстрый поиск от Smi24.net — это не только возможность первым узнать, но и преимущество сообщить срочные новости мгновенно на любом языке мира и быть услышанным тут же. В любую минуту Вы можете добавить свою новость - здесь.




Новости от наших партнёров в Вашем городе

Ria.city
Музыкальные новости
Новости России
Экология в России и мире
Спорт в России и мире
Moscow.media










Топ новостей на этот час

Rss.plus