Добавить новость
World News


Новости сегодня

Новости от TheMoneytizer

Баррасии рӯйдодҳои Хоруғ ва Рӯшон дар Порлумони Аврупо

Порлумони Аврупо рӯзи 6 июл вазъиятро дар ВМКБ баррасӣ намуд. Дар ин баҳс вакилони маҷлиси қонунгузори Иттиҳоди Аврупо аз истифодаи барзиёди нерӯ дар баробари сокинони норозии ВМКБ, ҳалокати одамон, поймол шудани ҳуқуқи инсон ва фишор ба матбуоту рӯзноманигорон изҳори нигаронӣ карданд. Вакилон аз Австрия, Олмон ва Лаҳистон (Полша) Кристан Сагартз, Карстен Луке, Енгин Ероглу, Ричард Сернетски ва Сергей Лагодински аз порлумон хостанд, дар баробари чунин вазъ ва бо назардошти уҳдадориҳои Тоҷикистон ба риояи эъломияи ҳуқуи башар ва қонунҳои худи ин кишвар ба ҳукумати Тоҷикистон фишор оварад.


Узви Комисюни Аврупо Вирҷиниюс Синкевичюс гузориш дод, ки мақомоти Тоҷикистон дар муқобили тазоҳуркунандагон аз силоҳ истифода карданд, ки дар натиҷа даҳҳо нафар куштаву захмӣ шуданд. Вай ҳамчунин ба ҳабси садҳо нафар ва саркӯби матбуот ишора намуд.


Синкевичюс ҳамзамон гуфт, ки сафирони се кишвари Аврупо бо шуруи ҳодисаҳо дар ВМКБ дар моҳи май дар эъломияе нигаронии худро аз вазъ дар ин минтақа баён доштанд. Аммо ӯ пешниҳод намуд, бояд ба ҳукумати Тоҷикистон расонда шавад, ки ниҳодҳои интизомияш тибқи асли волоияти қонун амал намоянд ва ба фишору саркӯб хотима диҳанд.


Узви Комисюни Аврупо эълом дошт, ки вазъият дар ВМКБ ва куллан Тоҷикистонро бо диққати тамом пайгирӣ мекунанд ва хостори таҳқиқи байнулмилалӣ ва мустқилонаи ин руйдодҳо буда, нигарониҳои худро дар машваратҳои сиёсӣ бо ҳукумати Тоҷикистон дар моҳи сентябр иброз хоҳанд дошт.


Дар ҷаласаи Порлумони Аврупо қарор шуд, раъйдиҳӣ дар масъалаи қатъномааш роҷеъ ба вазъ дар ВМКБ 7 июл баргузор гардад.

Читайте на сайте


Smi24.net — ежеминутные новости с ежедневным архивом. Только у нас — все главные новости дня без политической цензуры. Абсолютно все точки зрения, трезвая аналитика, цивилизованные споры и обсуждения без взаимных обвинений и оскорблений. Помните, что не у всех точка зрения совпадает с Вашей. Уважайте мнение других, даже если Вы отстаиваете свой взгляд и свою позицию. Мы не навязываем Вам своё видение, мы даём Вам срез событий дня без цензуры и без купюр. Новости, какие они есть —онлайн с поминутным архивом по всем городам и регионам России, Украины, Белоруссии и Абхазии. Smi24.net — живые новости в живом эфире! Быстрый поиск от Smi24.net — это не только возможность первым узнать, но и преимущество сообщить срочные новости мгновенно на любом языке мира и быть услышанным тут же. В любую минуту Вы можете добавить свою новость - здесь.




Новости от наших партнёров в Вашем городе

Ria.city
Музыкальные новости
Новости России
Экология в России и мире
Спорт в России и мире
Moscow.media










Топ новостей на этот час

Rss.plus