Эътирози беш аз сад коргари чинӣ дар як шаҳри Русия
Гурӯҳе аз коргарони чинӣ бо сабаби пардохт нашудани ҳаққи корашон дар шаҳри Комсомоли лаби Амури Русия даст ба эътироз заданд. Бахши русии Радиои Озодӣ навишт, беш аз сад коргари чинӣ рӯзи 12-уми апрел бо навиштаҳое бо забони русӣ ва чинӣ дар кӯчаҳои шаҳр раҳпаймоӣ карданд. Онҳо дар муроҷиати худ аз президенти Русия Владимир Путин ва раҳбари ширкати “Роснефт” Игор Сечин талаб кардаанд, ки ҳаққи корашон пардохт шавад. Эътирозгарон гуфтанд, коргари ширкати "Петро-Хэхуа"-и ҳамкори “Роснефт” мебошанд. Читать дальше...