Дар назди даромадгоҳи хонаи Зариф Бобоев, сокини шаҳри Кӯлоб, ду контейнери бузург гузошта шудааст. Ҳоло хонаводаи ӯ маҷбур аст аз пушти хона ба дарун ва беруни хона рафтуомад кунад. Хонаи Бобоев дар кӯчаи Нонвои поён дар ҳудуди терминали мусофиркашонии шаҳри Кӯлоб ҷойгир аст. Ба гуфтаи ӯ, ин корро масъулони терминал махсус анҷом додаанд.
“Аз пушту пешам роҳу нуқтаи сузишворӣ аст, аз ду барам худи терминал, дигар ҷои баромад надорам. Ҳамон мард инсоф надорад, даромада даҳҳо бор хонаро дидаанд, махсус роҳи маро маҳкам кардааст... Читать дальше...