Тоҷикистон ва Чин барои мошинҳои барқӣ корхона месозанд
Тоҷикистон ва Чин ният доранд, ки дар шаҳри Душанбе барои хидматрасонӣ ба мошинҳои барқӣ ва нобуд кардани онҳо корхонаи муштарак таъсис диҳанд. Ин мавзуъ 15-уми май дар вохӯрии вазирони нақлиёти Тоҷикистон ва Чин дар шаҳри Остона, пойтахти Қазоқистон баррасӣ шудааст. Ба иттилои Вазорати нақлиёти Тоҷикистон, корхонаи муштарак барои хидматрасонии техникии электромобилҳо, нобудсозӣ ё коркарди батареяи мошинҳои барқӣ пешбинӣ шудааст. Аммо маълум нест, ки коргоҳи нав кай ва бо чӣ қадар сармоя сохта мешавад. Читать дальше...