Ҷо Байден ба бемории саратон мубтало гаштааст
Ҷо Байден, раиси ҷумҳури пешини Амрико ба саратони простата мубтало шудааст. Дафтари Байден рӯзи якшанбеи 18-уми май эълон кард, ки ду рӯз пеш дар пайи бурузи нишонаҳои ин беморӣ, пизишкон президенти пешинро ташхис карда, дар ӯ бемории саратонро ошкор кардаанд. Дар баёнияи дафтари Ҷо Байден омадааст, хонаводаи президенти пешин дар бораи табобати ӯ бо пизишкон машварат доранд. Нашри ин хабар вокунишҳои густурдае ба дунбол дошт. Доналд Трамп, раиси ҷумҳури феълии Иёлоти Муттаҳида дар шабакаи иҷтимоии худ навишт... Читать дальше...