Добавить новость


World News


Новости сегодня

Новости от TheMoneytizer

Тарҳи кумак ба хонаводаҳои камбизоат ва маъюбон дар Шуғнон

Намояндагии созмони "Каритас"-и Олмон дар ноҳияи Шуғнони вилояти Бадахшон иҷрои тарҳи рушди иҷтимоиро оғоз кард.


Умеда Мунавварова, ҳамоҳангсози лоиҳа, рӯзи 21-уми май гуфт, "ҳадаф мустаҳкам намудани иқтидори ҷомеа ва баланд бардоштани сифати хидматрасонӣ барои хонаводаҳоест, ки  соҳиби кӯдак буда ва дар вазъи душвори зиндагӣ қарор доранд."


Созмонҳо мегӯянд, дар баъзе аз хонаводаҳо дар ноҳияи Шуғнон "шароити бади зиндагӣ, бекорӣ, низоъ миёни аъзои оила, норасоии ғизо ва сатҳи пасти донишу малака оид ба таълиму тарбияи кӯдакон" мушоҳида мешавад. 


Ба гуфти онҳо, мушкилоти иҷтимоии мазкур ба ҳолати равонии аъзои оила ва бахусус кӯдакону модарон таъсир дорад.


Тибқи омор, дар ноҳияи Шуғнон беш аз 1500 оилаи камбизоат ва бахусус соҳиби кӯдак, ки дар ҳолати душвори зиндагӣ қарор доранд ва инчунин беш аз 200 кӯдаки маъюб сабт шудаанд. 


Созмони "Каритас" аз соли 2010 ба ин тараф дар вилояти мухтори кӯҳистони Бадахшон тарҳҳои худро амалӣ мекунад. Ин созмон барои беҳтар намудани шароити зиндагии оилаҳои осебпазир, аз ҷумла кӯдакони маъюб кумак мерасонад.


Дар гузашта чунин таррҳҳо дар шаҳри Хоруғ ва ноҳияи Роштқалъа иҷро шудаанд. 

Читайте на сайте


Smi24.net — ежеминутные новости с ежедневным архивом. Только у нас — все главные новости дня без политической цензуры. Абсолютно все точки зрения, трезвая аналитика, цивилизованные споры и обсуждения без взаимных обвинений и оскорблений. Помните, что не у всех точка зрения совпадает с Вашей. Уважайте мнение других, даже если Вы отстаиваете свой взгляд и свою позицию. Мы не навязываем Вам своё видение, мы даём Вам срез событий дня без цензуры и без купюр. Новости, какие они есть —онлайн с поминутным архивом по всем городам и регионам России, Украины, Белоруссии и Абхазии. Smi24.net — живые новости в живом эфире! Быстрый поиск от Smi24.net — это не только возможность первым узнать, но и преимущество сообщить срочные новости мгновенно на любом языке мира и быть услышанным тут же. В любую минуту Вы можете добавить свою новость - здесь.




Новости от наших партнёров в Вашем городе

Ria.city
Музыкальные новости
Новости России
Экология в России и мире
Спорт в России и мире
Moscow.media










Топ новостей на этот час

Rss.plus