Дилшод Назаров 26 август ба Душанбе меояд
Вай афзуд, "ман ҳамроҳи мураббиам Владимир Машко ва менеҷерам Кртен Либер, ки ҳарду шаҳрвандони Ҷумҳурии Чех мебошанд, рӯзи 23-юми август тавассути ҳавопаймо бо хатсайри Рио-де-Жанейро-Франкфурт-Прага сафар мекунам. Рӯзи 24-уми август соати 13:15 ба Прага мерасам. Баъдан аз он ҷо бо хатсайри Прага-Маскав-Душанбе озими Тоҷикистон шуда, рӯзи 26-уми август соати 18:00 ба Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе мерасам."
Ҳайати варзишии Тоҷикистон тавассути ҳавопаймо бо хатсайри Рио-де-Жанейро-Сан-Паулу-Истанбул-Душанбе рӯзи 27 август соати 03:35 ба Душанбе мерасад.