Добавить новость


World News


Новости сегодня

Новости от TheMoneytizer

ИА алайҳи раҳбари истихбороти низомии Русия таҳрим ҷорӣ кард

Вазирони умури хориҷии кишварҳои узви Иттиҳоди Аврупо (ИА) рӯзи душанбе дар нишасти Брюссел таҳримҳои зидди чаҳор шаҳрванди Русияро ҳамоҳанг ва онҳоро ба истифодаи силоҳи кимиёвӣ муттаҳам карданд.


Дар хабари Шӯрои Иттиҳоди Аврупо омадааст, ки сухан аз боби раҳбар ва муовини истихбороти низомии Русия ва ду корманди ин хадамоти махсус аст. Онҳо дар интиқол ва истифодаи заҳри фалаҷкунандаи асаб ба Солсберии Британия масъул эълон шуданд. Дар хабарномаи Иттиҳоди Аврупо исми ин нафарон эълон нашудааст, аммо хабарнигори Радиои Озодӣ дар Брюссел мегӯяд инҳо эҳтимол кормандони истихбороти низомии Русия Анатолий Чепига (маълум бо номи Руслан Боширов) ва Александр Мишкин (Александр Петров), ҳамчунин раҳбари феълии Идораи ситоди кулл Игор Костюков ва муовини ӯ Владимир Алексеев ҳастанд.


Онҳо ба суиқасд ба ҷони агенти пешини Идораи истихбороти Русия Сергей Скрипал, бо истифода аз гази "Новичок" дар Солсбери муттаҳам шуданд. Раҳбари Идораи истихбороти низомӣ он замон Игор Коробов буд, ки моҳи нобяри соли гузашта даргузашт. Масъулияти раҳбарии Хадамоти махсусро Игор Костюков бар дӯш гирифт. 


Сергей Скрипал ва духтари ӯ Юлия моҳи марти соли 2018 дар як боғи шаҳри Солсберии Британия дар ҳоли беҳушӣ пайдо шуданд. Онҳо чандин моҳ дар бемористон таҳти назорати табибон буданд.

Читайте на сайте


Smi24.net — ежеминутные новости с ежедневным архивом. Только у нас — все главные новости дня без политической цензуры. Абсолютно все точки зрения, трезвая аналитика, цивилизованные споры и обсуждения без взаимных обвинений и оскорблений. Помните, что не у всех точка зрения совпадает с Вашей. Уважайте мнение других, даже если Вы отстаиваете свой взгляд и свою позицию. Мы не навязываем Вам своё видение, мы даём Вам срез событий дня без цензуры и без купюр. Новости, какие они есть —онлайн с поминутным архивом по всем городам и регионам России, Украины, Белоруссии и Абхазии. Smi24.net — живые новости в живом эфире! Быстрый поиск от Smi24.net — это не только возможность первым узнать, но и преимущество сообщить срочные новости мгновенно на любом языке мира и быть услышанным тут же. В любую минуту Вы можете добавить свою новость - здесь.




Новости от наших партнёров в Вашем городе

Ria.city
Музыкальные новости
Новости России
Экология в России и мире
Спорт в России и мире
Moscow.media










Топ новостей на этот час

Rss.plus