Добавить новость


World News


Новости сегодня

Новости от TheMoneytizer

Президент аз Озода Раҳмон хост, нисбат ба "бемасъулиятҳо" чора андешад

Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар ҷараёни ҷаласае, ки ба натиҷагирии кори ҳукумати кишвар дар соли 2018 ихтисос дошт, ба раҳбари Дастгоҳи иҷроияи президент Озода Раҳмон супориш дод, ки нисбати мақомдорони “бемасъулият” чораҷӯӣ кунад.


Вебсайти президенти Тоҷикистон дар хулосаи маҷлиси васеи ҳукуматӣ менависад, ки ба раиси дастгоҳ супориш шуд, ки ҷараёни иҷрои дастуру супоришҳои раҳбари давлатро таҳлил карда  нисбат ба роҳбарону шахсони масъул, ки дар иҷрои супоришҳо бемасъулиятӣ зоҳир менамоянд, “чораҳои қатъӣ андешад”.


Озода Раҳмон – духтари президент яке аз бонувони баландмақом дар сохторҳои ҳукуматии Тоҷикистон аст. Дар ҷаласаи рӯзи 21 январ президент инчунин ба мавзӯи ҷалби духтарону бонувон ба хизмати давлатӣ муроҷиат кардааст.


Ӯ аз кам будани шумори занону духтарон дар хадамоти давлатӣ интиқод карда мақомотро вазифадор кардааст, ки ба масъалаи ҷалби ҷавондухтарон ба таҳсилоти олӣ ва ҳам тарбияи кадрҳои баландихтисос дар миёни бонувон таваҷҷӯҳи ҷиддӣ кунанд.

Читайте на сайте


Smi24.net — ежеминутные новости с ежедневным архивом. Только у нас — все главные новости дня без политической цензуры. Абсолютно все точки зрения, трезвая аналитика, цивилизованные споры и обсуждения без взаимных обвинений и оскорблений. Помните, что не у всех точка зрения совпадает с Вашей. Уважайте мнение других, даже если Вы отстаиваете свой взгляд и свою позицию. Мы не навязываем Вам своё видение, мы даём Вам срез событий дня без цензуры и без купюр. Новости, какие они есть —онлайн с поминутным архивом по всем городам и регионам России, Украины, Белоруссии и Абхазии. Smi24.net — живые новости в живом эфире! Быстрый поиск от Smi24.net — это не только возможность первым узнать, но и преимущество сообщить срочные новости мгновенно на любом языке мира и быть услышанным тут же. В любую минуту Вы можете добавить свою новость - здесь.




Новости от наших партнёров в Вашем городе

Ria.city
Музыкальные новости
Новости России
Экология в России и мире
Спорт в России и мире
Moscow.media










Топ новостей на этот час

Rss.plus