Добавить новость


World News


Новости сегодня

Новости от TheMoneytizer

Тазоҳуроти ҳунармандони сирки Қирғизистон дар назди "Кохи сафед"

Ҳунармандони Сирки давлатии Қирғизистонрӯзи 21 январ дар рӯбарӯи бинои порлумони ин кишвар даст ба тазоҳурот заданд.


Раҳбари гуруҳ Даниёр Блокбоев дар суҳбат бо хабарнигорон гуфт, онҳо талаб доранд, мудири кулли Сирки давлатии Қирғизистон шахсе таъйин шавад, ки бо ҳунари сирк ошно бошад. Эътирозгарон ба ин мақом номзади худ -- Аида Акматоваро пешниҳод доранд.


Кормандони Сирки Қирғизистон нигаронанд, ки 45 рӯз мешавад, раҳбари нави онҳоро таъйин намекунанд ва ҳам намегӯянд, ки номзадии кӣ ба ин мақом мавриди баррасӣ қарор дорад. Аз 40 ҳунарманди сирк, 35 тнафар мегӯянд, дар сурати иҷро нашудани ин талаб аз кор хоҳанд рафт.


Мудири кулли пешини Сирки Қирғизистон Курмангазӣ Исанаев, ки аз соли 2004 дар ин мақом ифои вазифа мекард, охирҳои соли 2018 дар пайи норозигии ҳайати кормандон аз мақомаш барканор шуд. Вазифаҳои ӯро муваққатан Даря Кусейнова иҷро мекунад.


Бино ба хабарҳо, Вазорати фарҳанг, иттилоот ва сайёҳии Қирғизистон дар ҳоли ҳозир барномаҳои номзадҳо ба мақоми мудирии сиркро баррасӣ дорад. Ба гуфтаи вазири фарҳанги Қирғизистон Азамат Жаманқулов, чаҳор нафар номзадии худро пешниҳод кардаанд.


Сирки давлатии Қирғизистон соли 1962 таъсис ёфтааст. Дар ҳоли ҳозир дар он 130 нафар кор мекунанд, ки 40 танашон ҳунармандонанд.

Читайте на сайте


Smi24.net — ежеминутные новости с ежедневным архивом. Только у нас — все главные новости дня без политической цензуры. Абсолютно все точки зрения, трезвая аналитика, цивилизованные споры и обсуждения без взаимных обвинений и оскорблений. Помните, что не у всех точка зрения совпадает с Вашей. Уважайте мнение других, даже если Вы отстаиваете свой взгляд и свою позицию. Мы не навязываем Вам своё видение, мы даём Вам срез событий дня без цензуры и без купюр. Новости, какие они есть —онлайн с поминутным архивом по всем городам и регионам России, Украины, Белоруссии и Абхазии. Smi24.net — живые новости в живом эфире! Быстрый поиск от Smi24.net — это не только возможность первым узнать, но и преимущество сообщить срочные новости мгновенно на любом языке мира и быть услышанным тут же. В любую минуту Вы можете добавить свою новость - здесь.




Новости от наших партнёров в Вашем городе

Ria.city
Музыкальные новости
Новости России
Экология в России и мире
Спорт в России и мире
Moscow.media










Топ новостей на этот час

Rss.plus