Добавить новость
World News


Новости сегодня

Новости от TheMoneytizer

ВВС: Қазоқистон барои ошкор кардани эътирозҳо дастгоҳ фармоиш дод

Рахнагарони интернетӣ ё ҳакерҳо аз гуруҳи Digital Revolution мегӯянд, сервери донишкадаи илмиву таҳқиқотии "Квант"-ро, ки ба Хадамоти федеролии амнияти Русия (ФСБ) тааллуқ дорад, шикастанд.


Дар санадҳое, ки ин гуруҳ нашр кард, коркарди сохтор ё системаи мониторинги шабакаҳои иҷтимоӣ шарҳ дода шудааст. Ҳадафи асосии ин система - ошкор ва таҳлили гароишҳои эътирозӣ аст. Чунин сохторро, ба гуфтаи Digital Revolution, "Квант" аллакай дар Қазоқистон истифода бурдааст. Ба иттилои бахши русии радиои BBC, вазорати иттилоот ва иртибототи Қазоқистон барои ин амалиёт 4,3 миллион доллар ҷудо кардааст.


Ҳамчун далел рахнагарони интернетӣ, скриншот ё аксҳоеро нашр карданд, ки номгӯи санадҳо ва маъмурони сервери "Квант"-ро нишон медиҳанд. Дар ҳоли ҳозир дастрасӣ ба сервери "Квант" ҳамроҳ бо сомона ва почтаи кории ин донишкада маҳдуд шудааст.


Донишкадаи пӯшидаи "Квант", ки дар ноҳияи Ховринои Москва ҷойгир аст, солҳо 1970 таъсис ёфт. Ин донишкада соли 2008 ба тобеияти ФСБ супурда шуд. Ба иттилои WikiLeaks, донишкада яке аз муштариҳои ширкати итолиёии Hacking Team буд. "Квант" дар солҳои 2012-2014 мумкин аст, ки аз ин ширкат чанд барномаи ҷосусӣ харида бошад.


Соли 2018 ИМА зидди "Квант" таҳрим ҷорӣ кард. Мақомоти ИМА мегӯянд, эҳтимол ин донишгоҳ дар ҳамлаҳои ҳакерӣ дар остонаи интихоботи президентии Амрико даст дошта бошад.

Читайте на сайте


Smi24.net — ежеминутные новости с ежедневным архивом. Только у нас — все главные новости дня без политической цензуры. Абсолютно все точки зрения, трезвая аналитика, цивилизованные споры и обсуждения без взаимных обвинений и оскорблений. Помните, что не у всех точка зрения совпадает с Вашей. Уважайте мнение других, даже если Вы отстаиваете свой взгляд и свою позицию. Мы не навязываем Вам своё видение, мы даём Вам срез событий дня без цензуры и без купюр. Новости, какие они есть —онлайн с поминутным архивом по всем городам и регионам России, Украины, Белоруссии и Абхазии. Smi24.net — живые новости в живом эфире! Быстрый поиск от Smi24.net — это не только возможность первым узнать, но и преимущество сообщить срочные новости мгновенно на любом языке мира и быть услышанным тут же. В любую минуту Вы можете добавить свою новость - здесь.




Новости от наших партнёров в Вашем городе

Ria.city
Музыкальные новости
Новости России
Экология в России и мире
Спорт в России и мире
Moscow.media










Топ новостей на этот час

Rss.plus