Добавить новость


World News


Новости сегодня

Новости от TheMoneytizer

Исҳоқов: дар Кумитаи амнияту додгоҳ корҳое мегузарад, ки ҳангоми раҳбариям надида будам

Ҳизби сотсиал-демократии Қирғизистон матни суханронии сарвазири пешини ин кишвар Сафар Исҳоқовро нашр кард, ки мансабдори зиндонӣ рӯзи 19 декабр ҳангоми мурофиаи тамдиди боздошташ ироа кард. 


Исҳоқов гуфтааст, ки қасд надошт аз Қирғизистон фирор кунад ва  дархости ниҳодҳои тафтишотӣ шиносномаҳои дипломатӣ, хидматӣ ва шаҳрвандии худро ба Кумитаи амнияти Қирғизистон супурд. "15 дақиқа пеш ба бозпурсӣ ҳозир мешудам, то барои ҳабсам заминае пайдо нашавад. Дар аввал маро ба шарти берун нарафтан озод карда буданд", - изҳор дошт ӯ.


Сафар Исҳоқов мегӯяд, дар долонҳои Кумитаи амният ва додгоҳҳои Қирғизистон корҳое мегузаранд, ки дар давраи раҳбарии ӯ ба дастгоҳи президент ва сарвазир буданаш собиқа надоранд. "Дар Кумитаи амният нишаста, мебинед, ки мо дар ҳақиқат мушкилиҳои зиёде дорем. Имрӯз ман яке аз намунаҳои равшани таъқибҳои сиёсӣ ҳастам", - гуфтааст сарвазири пешини Қирғизистон.


Додгоҳи шаҳрии Бишкек  рӯзи19 декабр қарори додгоҳи ноҳияи Якуми майи пойтахти Қирғизистон барои идомаи ҳабси Исҳоқовро то 5 январ бетағйир гузошт.


Кумитаи амнияти Қирғизистон Исҳоқовро 5 июни соли равон бо ҷурми фасодкорӣ ҳангоми иҷрои тарҳи "Бозсозии Маркази гармидиҳии Бишкек" дастгир кард. Ӯ ба он айбдор мешавад, ки ҳангоми раҳбари шуъбаи сиёсати хориҷии дастгоҳи президент будан аз манфиатҳои ширкати хориҷӣ ҷонибдорӣ кард. Худи Исҳоқов ин айбро рад мекунад.

Читайте на сайте


Smi24.net — ежеминутные новости с ежедневным архивом. Только у нас — все главные новости дня без политической цензуры. Абсолютно все точки зрения, трезвая аналитика, цивилизованные споры и обсуждения без взаимных обвинений и оскорблений. Помните, что не у всех точка зрения совпадает с Вашей. Уважайте мнение других, даже если Вы отстаиваете свой взгляд и свою позицию. Мы не навязываем Вам своё видение, мы даём Вам срез событий дня без цензуры и без купюр. Новости, какие они есть —онлайн с поминутным архивом по всем городам и регионам России, Украины, Белоруссии и Абхазии. Smi24.net — живые новости в живом эфире! Быстрый поиск от Smi24.net — это не только возможность первым узнать, но и преимущество сообщить срочные новости мгновенно на любом языке мира и быть услышанным тут же. В любую минуту Вы можете добавить свою новость - здесь.




Новости от наших партнёров в Вашем городе

Ria.city
Музыкальные новости
Новости России
Экология в России и мире
Спорт в России и мире
Moscow.media










Топ новостей на этот час

Rss.plus