Суқути киштие дар Танзания беш аз 100 нафарро қурбон кард
Мақомот мегӯянд, эҳтимол теъдоди қурбониён бештар аз ин аст, зеро маълум нест, ки паром чӣ қадар мусофир дошт. Баъзе гузоришҳо теъдоди мусофиронро аз 200 то 300 нафар шумурдаанд. Амалиёти наҷот дар кули Виктория идома дорад. То ҳол 40 нафар аз об берун оварда шуд.
Сабаби чаппа шудани паром дар наздикии истгоҳи соҳилӣ маълум нест. Дар гузашта ҳодисаҳои мисли ин бинобар мусофирони аз ҳад беш дар киштиҳо номбар шудаанд.
Бузургтарин садама дар кули Виктория соли 1996 ба вуқуъ пайваст ва наздик ба 500 нафарро ҳалок кард.