Попи Рум гуфт, бадахлоқии роҳбон дигар ҳеҷ гоҳ такрор нахоҳад шуд
Рӯзи 17 август, ҳайъати мунсифаи бузург дар Пенселвания гузориш дод, ки дар тӯли 70 соли гузашта дастикам 1,000 кӯдак қурбонии бадахлоқии 300 роҳиб шуд. Гузориш ҳамчунин ошкор кард, ки насли усқуфҳои Католики Рум батакрор барои ҳимоя аз қурбониҳои бадахлоқии ҷинсии роҳибон иқдом накарданд ва гунҳкоронро ба ҷавобгарӣ накашиданд.
Попи Рум бо ишора ба гузориши Пенсилвания дар номааш эътироф кард, ки ҳеҷ талоше барои бахшиш хостан кофӣ нест. Ӯ қавл дод, ки бадахлоқиҳои ҷинсӣ дигар ҳеҷ гоҳ такрор намешаванд.
Ин изҳорот дар остонаи зиёрати Поп Франсиск аз Ирлдандия, кишваре, ки аз ҷанҷолҳои марбут ба бадахлоқии ҷинсии роҳибон такон хурда буд, пахш шуд.