Добавить новость
World News


Новости сегодня

Новости от TheMoneytizer

Ёдбуди солгарди вуруди нерӯҳои Шӯравӣ ба Чехословакия

Дақиқан 50 сол пеш, 21 августи соли 1968, нерӯи кишварҳои "Созишномаи Варшава" ба Чехословакия ворид шуд. Дар амалиёти таҳти унвони "Дунай" садҳо ҳазор низомӣ ва ҳазорон тонк иштирок карданд. Қарори ворид шудани ба Чехословакияро раҳбарияти вақти Иттиҳоди Шӯравӣ қабул кард ва артиши Шӯравӣ нерӯи пешбаранадаи ин амалиёт буд.


Вуруди нерӯҳои Шӯравӣ ба "Баҳори Прага", ё талоши раҳбарияти Чехославакия ва ҷомеа барои ислоҳот хотима гузошт. 


Нерӯҳо ба ин кишвар бе иҷозаи раҳбарияти Чехословакия ворид шуданд. Артиш дастур гирифт, ки ба нерӯҳои воридшуда  муқовимат накунад. Дар эътирозҳои алайҳи вуруди Шӯравӣ ба Чехословакия садҳо ҳазор иштирок карданд. Беш аз 100 нафар кушта шуд. Нерӯҳои Шӯравӣ то соли 1991 дар Чехословакия боқӣ монанд. 


Солгарди ин ҳодиса дар Чехия ва Словакия ба таври густарда ёдоварӣ мешавад. Шоми сешанбе дар маркази Прага намоиши ҳунарӣ барномарезӣ шудааст.


Ҷомеаи Чехия аз қарор президенти кишвар Милош Земан, ки суханронӣ дар солгарди вуруди нерӯи Шӯравӣ ба Чехословакияро ро рад кард, нороҳат аст. Сухангӯи президент аз номи ӯ гуфт, ки Земан тамоми андешаҳояшро дар бораи ин ҳодиса 50 сол пеш гуфта буд. Аммо таърихшиносон мегӯянд, аз суханронии Земан дар моҳи августи соли 1968 хабар надоранд.Телевизиони Чехия имрӯз суханронии президенти Словакия Андрей Кискаро пахш мекунад.


Мақомоти расмии Маскав солгарди саркуб шудани "Баҳори Прага"-ро  шарҳ надоданд. Раҳбарони пешини Иттиҳоди Шӯравӣ -  Михайил Горбачев ва Борис Елтсин қаблан барои вурӯди нерӯҳои Шӯравӣ ба Чехословакия бахшиш пурсида буданд. Президенти Русия Владимир Путин соли 2006 гуфт, ки Русия масъулияти маънавии ҳодисаи соли 1968-ро бар дӯш дорад, на ҳуқуқиро.


Журналисти рус Иля Клишин даъват кард, ки дар назди сафоратҳои Чехия ва Словакия гул гузоранд. Аммо баъдан дар Фейсбук навишт, ки дар даромадгоҳи сафорати Чехия ба гулгузорӣ иҷозат надоданд.


 

Читайте на сайте


Smi24.net — ежеминутные новости с ежедневным архивом. Только у нас — все главные новости дня без политической цензуры. Абсолютно все точки зрения, трезвая аналитика, цивилизованные споры и обсуждения без взаимных обвинений и оскорблений. Помните, что не у всех точка зрения совпадает с Вашей. Уважайте мнение других, даже если Вы отстаиваете свой взгляд и свою позицию. Мы не навязываем Вам своё видение, мы даём Вам срез событий дня без цензуры и без купюр. Новости, какие они есть —онлайн с поминутным архивом по всем городам и регионам России, Украины, Белоруссии и Абхазии. Smi24.net — живые новости в живом эфире! Быстрый поиск от Smi24.net — это не только возможность первым узнать, но и преимущество сообщить срочные новости мгновенно на любом языке мира и быть услышанным тут же. В любую минуту Вы можете добавить свою новость - здесь.




Новости от наших партнёров в Вашем городе

Ria.city
Музыкальные новости
Новости России
Экология в России и мире
Спорт в России и мире
Moscow.media










Топ новостей на этот час

Rss.plus