Добавить новость


World News


Новости сегодня

Новости от TheMoneytizer

Туркия барои пешгирӣ аз уфти бештари лира иқдом мекунад

Ба думболи уфти шадиди пули милли Туркия -лира, Бонки миллии ин кишвар гуфт, ки барои эътидоли молӣ "аз чораҳои зарурӣ" кор мегирад. Дар як изҳорот, ки рӯзи 13 август пахш шуд, ин ниҳод қавл дод, ки бонкҳоро бо нақдина таъмин мекунад.


Изҳорот дар ҳоле пахш шуд, ки як рӯз пеш вазири молияи Туркия Барот Албайрақ гуфт, ки ҳукумат барои рафъи нигарониҳо дар бозор, барномаи амал таҳия кардааст. 


Дар пасманзари ин нигаронӣ, ки Туркия метавонад ба буҳронӣ иқтисодӣ гирифтор шавад, лираи туркӣ дар бозори Осиё дар баробари доллари амрикоӣ ба сатҳи рекордӣ сарозер шуд.


Бад шудани равобити Туркия бо Ийолоти Муттаҳидаи Амрико ба уфти лира суръат бахшид.


Рӯзи 10 август президенти ИМА Доналд Трамп таруфаи содироти фӯлод ва аллюминии Туркияро ду баробар афзун кард. Анкара ҳушдор дод, ки ин ҳаракати Амрикоро талофӣ хоҳад кард. 


Ду кишвари узви НАТО дар як идда масоил, бо шумули барномаи Туркия барои харидории сохтори зиддимушакии Русия ихтилоф доранд.


Чанде пеш, Трамп аз Анкара талаб кард, ки роҳиби амрикоӣ Эндрю Брансонро, ки Туркия онро ба терроизм ва ҷосусӣ муттаҳам кардааст, озод кунад. 


Читайте на сайте


Smi24.net — ежеминутные новости с ежедневным архивом. Только у нас — все главные новости дня без политической цензуры. Абсолютно все точки зрения, трезвая аналитика, цивилизованные споры и обсуждения без взаимных обвинений и оскорблений. Помните, что не у всех точка зрения совпадает с Вашей. Уважайте мнение других, даже если Вы отстаиваете свой взгляд и свою позицию. Мы не навязываем Вам своё видение, мы даём Вам срез событий дня без цензуры и без купюр. Новости, какие они есть —онлайн с поминутным архивом по всем городам и регионам России, Украины, Белоруссии и Абхазии. Smi24.net — живые новости в живом эфире! Быстрый поиск от Smi24.net — это не только возможность первым узнать, но и преимущество сообщить срочные новости мгновенно на любом языке мира и быть услышанным тут же. В любую минуту Вы можете добавить свою новость - здесь.




Новости от наших партнёров в Вашем городе

Ria.city
Музыкальные новости
Новости России
Экология в России и мире
Спорт в России и мире
Moscow.media










Топ новостей на этот час

Rss.plus