Добавить новость


World News


Новости сегодня

Новости от TheMoneytizer

Сафари Эмомалӣ Раҳмон ба Узбекистон 17-18 август сурат мегирад

Расонаҳои давлатии Узбекистон бархе аз ҷузъиёти сафари Эмомалӣ Раҳмон, раиси ҷумҳури Тоҷикистонро ба он кишварро ошкор карданд. Ин расонаҳо гуфтанд, ки президент Раҳмон рӯзҳои 17-18-уми август аз Тошканду Самарқанд дидан хоҳад кард.


Раиси ҷумҳури Тоҷикистон бори охир соли 1998, дар аҳди президенти пешин Ислом Каримов Узбекистон сафари давлатӣ анҷом дод. 


Хабаргузории Kun.uz рӯзи 12-уми август бо такя ба манобеи худ гуфт, 17-уми август дар шаҳри Тошканд бо иштироки ҳунармандони тоҷику узбек барномаи бузурги ҳунарӣ баргузор хоҳад шуд. "Баъдан, рӯзи 18-уми август, Эмомалӣ Раҳмон ба шаҳри Самарқанд меравад", - навиштааст хабаргузорӣ.


Расонаҳои Узбекистон гуфтаанд, дар ҷараёни сафари давлатии Эмомалӣ Раҳмон беш аз бист санаду созишнома, аз ҷумла созишнома дар бораи шарикии стратегӣ ва таъйину аломатгузории марзи давлатии ду кишвар имзо хоҳад шуд.


Мақомоти расмии Тоҷикистону Узбекистон то ҳол санаи дақиқи сафари давлатии Эмомалӣ Раҳмон ба Тошканд эълон накардаанд. Аммо як манбаи огоҳ рӯзи 12-уми август гуфт, аз ҳоло як ҳайати ҳунармандони тоҷик ба Узбекистон рафт, то дар барномаи "Шоми дӯстӣ", ки қарор аст 17-уми август баргузор шавад, иштирок кунад.


Сафари давлатии Эмомалӣ Раҳмон ба Узбекистон сафари ҷавобӣ ба меҳмонии Шавкат Мирзиёев аст, ки рӯзи 9-уми март ба Тоҷикистон омада буд. Дар ҷараёни сафари, ба қавли мақомот, таърихии ӯ ба Душанбе 27 санаду созишнома имзо гардид, ки аз ҷумла ба шаҳрвандони ду кишвар ҳақ дод, бидуни виза то сӣ рӯз ба қаламрави якдигар равуо кунанд.


Мақомоти ду кишвар ҳам мегӯянд, дар муқоиса бо соли 2015, ки табодули молу коло чизе дар ҳудуди 12 миллион доллар буд, соли 2017 ба беш аз 126 миллион доллар расид ва тавсеаи ҳамкорӣ бар асоси созишномаҳои нав метавонад тиҷорату ҳамкориҳои иқтисодии байни ҳамсоякишварҳоро боз ҳам густариш диҳад.

Читайте на сайте


Smi24.net — ежеминутные новости с ежедневным архивом. Только у нас — все главные новости дня без политической цензуры. Абсолютно все точки зрения, трезвая аналитика, цивилизованные споры и обсуждения без взаимных обвинений и оскорблений. Помните, что не у всех точка зрения совпадает с Вашей. Уважайте мнение других, даже если Вы отстаиваете свой взгляд и свою позицию. Мы не навязываем Вам своё видение, мы даём Вам срез событий дня без цензуры и без купюр. Новости, какие они есть —онлайн с поминутным архивом по всем городам и регионам России, Украины, Белоруссии и Абхазии. Smi24.net — живые новости в живом эфире! Быстрый поиск от Smi24.net — это не только возможность первым узнать, но и преимущество сообщить срочные новости мгновенно на любом языке мира и быть услышанным тут же. В любую минуту Вы можете добавить свою новость - здесь.




Новости от наших партнёров в Вашем городе

Ria.city
Музыкальные новости
Новости России
Экология в России и мире
Спорт в России и мире
Moscow.media










Топ новостей на этот час

Rss.plus