Соҳибкорони Чин ба саноати Қирғизистон $150 млн сармоягузорӣ мекунанд
Кумитаи саноат ва энергетикаи Қирғизистон ва анҷумани Гуандун Фан Лан ибтидои моҳи июл дар ин робита ёддошти ҳамкорӣ имзо кард.
Қарор аст, дар Қирғизистон майдони истеҳсоли масолеҳи бинокорӣ, мебел, техникаҳои электронӣ ва маишӣ бунёд карда шавад.
Муовини раиси Кумитаи саноати Қирғизистон Олимбек Орозбеков 12 июл гуфт, ҷузъиёти парки саноатӣ баъд аз мулоқот бо сармоягузорони чинӣ эълом хоҳад шуд. Ба гуфтаи ӯ, дар ҳоли ҳозир, Қирғизистон ба бузургтарин тарҳҳое ниёз дорад, ки ба рушди саноат равона шудаанд.
Парки саноатӣ минтақае аст, ки дар он чанд ширкати хусусӣ аз як ё кишварҳои гуногун фаъолияти худро ба роҳ мемонанд. Ин гуна парк махсус барои таъсиси ширкатҳои нав ташкил мешавад.