Добавить новость


World News


Новости сегодня

Новости от TheMoneytizer

Боздошти ҳокими пешини Самарқанд баъд аз ҷаласаи ЮНЕСКО

Раиси пешини вилояти Самарқанд Туроб Ураев ва муовини ӯ дар умури рушди саноат, сохтмон ва коммуникатсия Утрик Абдуллоев рӯзи 10 июл боздошт шуданд.


Як манбаъ дар мақомоти ҳифзи ҳуқуқи Узбекистон ба шарти ифшо нашудани номаш гуфт, бар зидди Ҷураев парвандаи ҷиноӣ боз шуд.


Ба гуфтаи мудири яке аз ширкатҳои сохтмонии Самарқанд ва як корманди маъмурияти шаҳр, Ҷураев ва муовини ӯ дар гирифтани пора аз ширкати бинокоре айбдор мешаванд, ки дар минтақаи зери сарпарастии ЮНЕСКО хонаҳои 7-9-ошёна бунёд кардааст.


Бино ба гуфтаи мудири як ширкати бинокори Самарқанд, раиси пешини вилоят ва муовини ӯро дар асоси баёноти соҳибкороне дастгир карданд, ки дар робита ба бунёди биноҳои баландошёна дар қисми таърихии вилоят таҳти бозҷӯӣ қарор доранд.


Раҳбарияти Узбекистон ба бунёди ғайриқонунии биноҳои баландошёна дар қисми таърихии Самарқанд баъд аз матраҳ шудани он дар ҷаласаи 42-уми Кумитаи мероси фарҳангии ЮНЕСКО таваҷҷуҳ зоҳир кард. Сарвазир Абдулло Орифов рӯзи 23 июн баъди боздид аз Самарқанд  дастур дод, биноҳои нави баландошёнаро, ки ба ивази ришва бунёд тахриб кунанд.


Президенти Узбекистон Шавкат Мирзиёев Туроб Ҷураевро 13 июни соли 2017 раиси вилояти Самарқанд таъйин карда буд. Дар замони президентии Ислом Каримов ӯ ба вилоятҳои Сурхандарё ва Қашқадарё раҳбарӣ кардааст. Ҷураев солҳои 2004-2008 вазири маорифи Узбекистон буд.

Читайте на сайте


Smi24.net — ежеминутные новости с ежедневным архивом. Только у нас — все главные новости дня без политической цензуры. Абсолютно все точки зрения, трезвая аналитика, цивилизованные споры и обсуждения без взаимных обвинений и оскорблений. Помните, что не у всех точка зрения совпадает с Вашей. Уважайте мнение других, даже если Вы отстаиваете свой взгляд и свою позицию. Мы не навязываем Вам своё видение, мы даём Вам срез событий дня без цензуры и без купюр. Новости, какие они есть —онлайн с поминутным архивом по всем городам и регионам России, Украины, Белоруссии и Абхазии. Smi24.net — живые новости в живом эфире! Быстрый поиск от Smi24.net — это не только возможность первым узнать, но и преимущество сообщить срочные новости мгновенно на любом языке мира и быть услышанным тут же. В любую минуту Вы можете добавить свою новость - здесь.




Новости от наших партнёров в Вашем городе

Ria.city
Музыкальные новости
Новости России
Экология в России и мире
Спорт в России и мире
Moscow.media










Топ новостей на этот час

Rss.plus