Добавить новость
World News


Новости сегодня

Новости от TheMoneytizer

Шурӯъ аз 16 июл: вазорати идораҳо ба нишастҳои матбуотӣ ҳозир мешаванд

Аз рӯзи 16 июл дар Тоҷикистон нишастҳои матбуотии сохторҳои давлатии Тоҷикистон шурӯъ мешаванд, ки дар ҷараёни он вазорату идораҳо дар баробари хабарнигорон аз фаъолияти нимсолаи худ гузориш медиҳанд. Рӯзи душанбе барои гузориш додан дар баробари матбуот нахуст мақомоти вазоратҳои энергетика ва захираҳои об, адлия, кишоварзӣ ва Хадамоти алоқа ҳозир мешаванд.


Нишастҳои матбуотии сохторҳои давлатӣ дар саросари кишвар аз 16 июл то 3 август идома меёбанд.  


Нақшаи ташкили нишастҳои матбуотиро Раёсати илму маърифати Дастгоҳи иҷроияи президенти Тоҷикистон тасдиқ кардааст, ки матни он рӯзи 13 июл дастраси Радиои Озодӣ шуд.


Баргузории нишастҳои матбуотӣ бар асоси як амри президент аз сентябри соли 2011 ҷараён мегирад ва ба қавли намояндагони матбуот, ин нишастҳо, ки соле ду бор барпо  мешаванд, гоҳо ягона манбаи дарёфти иттилои расмӣ ё посухи мақомот ба саволҳои журналистон шудаанд. Созмонҳои журналистӣ солҳои охир аз мушкилтар шудани дарёфти иттилои расмӣ дар сохтору идораҳои давлатии Тоҷикистон шикоят мекунанд.


Як мояи дигари нигаронии матбуот ин аст, ки дар нишастҳои матбуотии сохторҳои давлатӣ гоҳо раҳбарони аршад ва рақами аввал иштирок намекунанд ва мутасаддиёни мулоқот бо журналистон танҳо бо қироати гузоришҳои аз пеш омодашуда дар бораи фаъолияти нимсолаашон қаноат мекунанду халос.

Читайте на сайте


Smi24.net — ежеминутные новости с ежедневным архивом. Только у нас — все главные новости дня без политической цензуры. Абсолютно все точки зрения, трезвая аналитика, цивилизованные споры и обсуждения без взаимных обвинений и оскорблений. Помните, что не у всех точка зрения совпадает с Вашей. Уважайте мнение других, даже если Вы отстаиваете свой взгляд и свою позицию. Мы не навязываем Вам своё видение, мы даём Вам срез событий дня без цензуры и без купюр. Новости, какие они есть —онлайн с поминутным архивом по всем городам и регионам России, Украины, Белоруссии и Абхазии. Smi24.net — живые новости в живом эфире! Быстрый поиск от Smi24.net — это не только возможность первым узнать, но и преимущество сообщить срочные новости мгновенно на любом языке мира и быть услышанным тут же. В любую минуту Вы можете добавить свою новость - здесь.




Новости от наших партнёров в Вашем городе

Ria.city
Музыкальные новости
Новости России
Экология в России и мире
Спорт в России и мире
Moscow.media










Топ новостей на этот час

Rss.plus