"Нозир"-и Тошкандро ду сол зиндонӣ карданд. ВИДЕО
Бахши Узбекии Радиои Озодӣ рӯзи 21 июн хабар дод, ки додгоҳ баъди баррасии нӯҳмоҳа ниҳоят қарори худро содир кард.
"Додгоҳ Хоҷаевро дар "Тамаъҷӯӣ" айбдор ва ду сол зиндонӣ кард", - хабар дод як масъули расмии Додгоҳи олии Узбекистон.
Расонаҳо ҳанӯз моҳи сентябри соли гузашта дар бораи боздошти Аббос Хоҷаеви 33-сола хабар дода буданд.
Вазифаи нозир дар олами ҷиноӣ аз иҷрои масъулиятҳоии назорат аз кору даромад ва муносибатҳои байни аъҳои гурӯҳҳои ҷиноӣ иборат аст. Ин вазифа дар миёни ҷинояткорон мӯҳтарам ба ҳисоб меравад.