Добавить новость
World News


Новости сегодня

Новости от TheMoneytizer

Академик Раҳим Масов ба бахши эҳёгарӣ интиқол ёфт

Академик Раҳим Масов, аз донишмандони маъруфи илми таърих дар Тоҷикистон, бар асари сактаи мағзӣ, дар шӯъбаи эҳёгарии бемористони рақами 3-и шаҳри Душанбе бистарӣ шудааст. Наздикони Раҳим Масов рӯзи 21-уми июн ба Радиои Озодӣ гуфтанд, ки ин донишманд субҳи имрӯз ба бемористон интиқол ёфт ва зери муроқибати табибон қарор доранд.


Академик Масов зодаи ноҳияи Ванҷи Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон буда, таҳсилоти ибтидоиро дар Хонаи бачагони Хоруғ ва Душанбе гирифтааст. Дар соли 1961 Донишгоҳи давлатии Тоҷикистонро бо ихтисоси таърихшинос хатм кард ва дар Академияи илмҳои Тоҷикстон ба кор оғоз намуд.


Аз маъруфтарин таълифоти академик Раҳим Масов китоби "Таърихи табартақсим" мебошад, ки ба гуфтани донишмандон, гардише дар тафаккури таърихникории кишвар буд. "Тоҷикон, бо мӯҳри «комилан сиррӣ", "Тоҷикон: фишороварӣ ва ассилимилятсия" ва "Тоҷикон: таърихи фоҷиаи миллат", аз дигар асарҳои машҳури ин донишманд ба шумор мераванд.


Академик Раҳим Масов аз соли 1988 то соли 2015 дар мақоми сарвари Институти таърих, бостоншиносӣ ва мардумшиносии ба номи Аҳмади Дониши Академияи илмҳои Тоҷикистон кор кардааст.

Читайте на сайте


Smi24.net — ежеминутные новости с ежедневным архивом. Только у нас — все главные новости дня без политической цензуры. Абсолютно все точки зрения, трезвая аналитика, цивилизованные споры и обсуждения без взаимных обвинений и оскорблений. Помните, что не у всех точка зрения совпадает с Вашей. Уважайте мнение других, даже если Вы отстаиваете свой взгляд и свою позицию. Мы не навязываем Вам своё видение, мы даём Вам срез событий дня без цензуры и без купюр. Новости, какие они есть —онлайн с поминутным архивом по всем городам и регионам России, Украины, Белоруссии и Абхазии. Smi24.net — живые новости в живом эфире! Быстрый поиск от Smi24.net — это не только возможность первым узнать, но и преимущество сообщить срочные новости мгновенно на любом языке мира и быть услышанным тут же. В любую минуту Вы можете добавить свою новость - здесь.




Новости от наших партнёров в Вашем городе

Ria.city
Музыкальные новости
Новости России
Экология в России и мире
Спорт в России и мире
Moscow.media










Топ новостей на этот час

Rss.plus