Добавить новость
World News


Новости сегодня

Новости от TheMoneytizer

Сафири Эрон даргузашти Мӯъмин Қаноатро тасаллият гуфт

Сафорати Ҷумҳурии исломии Эрон дар Тоҷикистон даргузашти яке аз шоҳсутунҳои адабиёти муосири тоҷик устод Мӯъмин Қаноатро тасаллият гуфтааст. 


Дар паёми тасаллияти сафири Ҷумҳурии исломии Эрон дар Тоҷикистон  Ҳуҷҷатуллоҳ Фағонӣ аз ҷумла омадааст, "ин шоири бузург ҳаёти пурхайр ва баракаташро дар ҷиҳати эъло (баланд бардоштан) забон ва адаби муштаракамон сипарӣ намуда ва осору ёдгории арзишманди ӯ на танҳо дар Тоҷикистон, балки дар ҳавзаи густурдаи Эрони фарҳангӣ низ мавриди таваҷҷуҳ ва иқболи алоқамандони шеър ва адаб аст".


Сафири Эрон дар Тоҷикистон даргузашти Мӯъмин Қаноатро як талафоти дардноке барои ҷомеаи адаб ва фарҳанги Эрони фарҳангӣ хондааст. Оқои Фағонӣ чанд ҳафта қабл низ ба аёдатӣ устод Муъмин Қаноат ба манзилаш рафта буд. Ӯ ҳамчунин рӯзи 19-уми дар маросими дафни ин шоири саршиноси тоҷик ширкат дошт. 


Мақомоти дигари эронӣ низ даргузашти устод Мӯъмин Қаноат -- муаллифи шеъри маъруфи "Аз халиҷи Форс меояд насими форсӣ"-ро тасаллият гуфтанд. Ғуломалӣ Ҳаддод, раиси Фарҳангистони забон ва адаби форсӣ, дар паёме даргузашти Мӯъмин Қаноатро ба хонаводаи шоир, миллат ва ҳукумати Тоҷикистон тасаллият гуфтааст.


Алиашраф Муҷтаҳиди Шабистарӣ, сафири пешини Эрон дар Тоҷикистон низ бо ирсоли паёме даргузашти ин устоди сухани форсиро барои хонавода ва аҳли адаби Тоҷикистон тасаллият арз кардааст.


Устод Мӯъмин Қанот рӯзи 18-уми май дар шаҳри Душанбе даргузашт ва як рӯз баъд дар оромгоҳи Лучоб ба хок супурда шуд. Достонҳои “Сурӯши Сталинград”, "Мавҷҳои Днепр", “Тоҷикистон – исми ман”, “Гаҳвораи Сино”, “Масъуднома” ва силсилаи “Созҳои Шероз” аз маъруфтарин осори ӯ дониста мешавад.

Читайте на сайте


Smi24.net — ежеминутные новости с ежедневным архивом. Только у нас — все главные новости дня без политической цензуры. Абсолютно все точки зрения, трезвая аналитика, цивилизованные споры и обсуждения без взаимных обвинений и оскорблений. Помните, что не у всех точка зрения совпадает с Вашей. Уважайте мнение других, даже если Вы отстаиваете свой взгляд и свою позицию. Мы не навязываем Вам своё видение, мы даём Вам срез событий дня без цензуры и без купюр. Новости, какие они есть —онлайн с поминутным архивом по всем городам и регионам России, Украины, Белоруссии и Абхазии. Smi24.net — живые новости в живом эфире! Быстрый поиск от Smi24.net — это не только возможность первым узнать, но и преимущество сообщить срочные новости мгновенно на любом языке мира и быть услышанным тут же. В любую минуту Вы можете добавить свою новость - здесь.




Новости от наших партнёров в Вашем городе

Ria.city
Музыкальные новости
Новости России
Экология в России и мире
Спорт в России и мире
Moscow.media










Топ новостей на этот час

Rss.plus