Помпео "харитаи дипломатии роҳ" барои Эронро муаррифӣ мекунад
Созиши ҳастаӣ бо Эронро соли 2015 Чин, Русия, Фаронса, Олмон, Бритониё ва ИМА имзо карданд.
Ҳадафи созиш ин буд, ки Эрон ҳамаи фаъолиятҳои барномаи ҳастаиро қатъ ва ғарб аксари кулли таҳримҳои иқтисодии ҷорикардаашро болои ин кишвар бекор мекунад. Вале президент Доналд Трамп рӯзи 8 май гуфт, ки кишвараш аз ин созиш берун мешавад ва дубора таҳримҳои шадидтаре болои Эрон таҳмил мекунад.