Добавить новость


World News


Новости сегодня

Новости от TheMoneytizer

Талаби мухолифон: “Саргсян истеъфо диҳад, ҳукумати муваққат ташкил шавад”

Никол Пашинян – раҳбари эътирозгарон ва раиси ҷиноҳи оппозитсиюнии “Елк” дар порлумони Арманистон – истеъфои Серж Саргсянро аз мақоми нахуствазири он кишвар талаб кард. Вай шоми  20-уми апрел дар ҳузури садҳо эътирозгар дар Ереван гуфт, “барои музокирот аллакай дер шудааст”.


Ӯ гуфт, “чӣ хеле мегӯянд, поезд рафт. Аммо ин маънои онро надорад, ки мо барои баҳси баъзе масоил омода нестем. Албатта, омода ҳастем, ки муҳлати истеъфои Серж Саргсян ва дар иртибот ба ин чанд шарти худро баррасӣ кунем. Мо интиқом намехоҳем. Агар Серж Саргсян ҳарчи зудтар аз мақом биравад, ҳамон қадар барои худи ӯ ва Ҷумҳурии Арманистон хуб хоҳад буд.”


Раҳбари мухолифин дар идома тарҳи тағйири ҳукумат дар Арманистонро ҳам пешниҳод кард, ки аз истеъфои Саргсян, интихоби намояндаи мардум ба мақоми нахуствазирӣ ва ташкили ҳукумати муваққат иборат аст.


«Дар ниҳоят бояд як нерӯ – мардуми Арманистон пирӯз шавад. Муҳим нест, ки кадом ҳизб чӣ қадар раъй мегирад, бояд мардум пирӯз гардад», - гуфт Пашинян.


Аз рӯзи 13-уми апрел боз ҳазорҳо сокини Арманистон дар Ереван алайҳи таъйини президенти пешин Серж Саргсян ба мақоми нахуствазир эътироз доранд. Арманистон Қонуни асосиашро соли 2015 тағйир дода, салоҳияти президентро кам ва салоҳияти нахуствазирро бештар кард.


Эътирозгарон Серж Саргсянро ба аҳдшиканӣ муттаҳам карданд, ки гуфта буд пас аз итмоми ду давраи панҷсолаи раёсати ҷумҳурӣ ба курсии нахуствазирӣ нахоҳад нишаст. Инчунин, ӯро ба он айбдор мекунанд, ки ваъдаҳои додааш дар даҳ соли раҳбариашро иҷро накардааст.

Читайте на сайте


Smi24.net — ежеминутные новости с ежедневным архивом. Только у нас — все главные новости дня без политической цензуры. Абсолютно все точки зрения, трезвая аналитика, цивилизованные споры и обсуждения без взаимных обвинений и оскорблений. Помните, что не у всех точка зрения совпадает с Вашей. Уважайте мнение других, даже если Вы отстаиваете свой взгляд и свою позицию. Мы не навязываем Вам своё видение, мы даём Вам срез событий дня без цензуры и без купюр. Новости, какие они есть —онлайн с поминутным архивом по всем городам и регионам России, Украины, Белоруссии и Абхазии. Smi24.net — живые новости в живом эфире! Быстрый поиск от Smi24.net — это не только возможность первым узнать, но и преимущество сообщить срочные новости мгновенно на любом языке мира и быть услышанным тут же. В любую минуту Вы можете добавить свою новость - здесь.




Новости от наших партнёров в Вашем городе

Ria.city
Музыкальные новости
Новости России
Экология в России и мире
Спорт в России и мире
Moscow.media










Топ новостей на этот час

Rss.plus