Добавить новость


World News


Новости сегодня

Новости от TheMoneytizer

Дар Кӯлоб иди Наврӯзро чӣ гуна таҷлил карданд?

Ҷашни имсолаи Наврӯз дар Кӯлоб рӯзи 21-уми март дар “Амфитеатр”-и шаҳр шурӯъ шуд ва дар он ҳазорон нафар аз сокинони шаҳру ноҳияҳои атроф ҳузур доштанд. Қабл аз оғози барномаи фарҳангӣ Хайруллои Амонулло раиси шаҳри Кӯлоб ҳозиронро табрик гуфт.

Дар майдони бузург, ҳамчунин, имсол шаш ҷуфт бо кумаки ҳукумати шаҳри Кӯлоб ба ҳам пайвастанд. Хати ақди никоҳи ҷавононро раиси шаҳр ва раиси ширкати “Барқи Тоҷик” ба онҳо супурданд.

Дар баробари овозхонҳои дигари маъруфи минтақа, Сурайё Қосимова, овозхони маъруфи тоҷик ба табрики меҳмонони ҷашн омад. Дар берун аз “Амфитеатр”-и Кӯлоб ҳам Наврӯзро бо шукӯҳу шаҳомати ҳарсолааш таҷлил карданд. Таомҳои миллӣ нону фатиру шириниҳои дигар растаҳои махсуси наврӯзиро оро медод.

Кӯдакони чаканпӯшу тоқибасарро имсол ба таҷлили ҷашн даъват карданд ва ҳар кадоме аз онҳо нақше барои иҷро кардан дошт.

Наврӯзро дар дигар гӯшаҳои кишвар ҳам таҷлил карданд. Аммо аз ноҳияи Панҷ ба Радиои Озодӣ шикоят карданд, ки мақомот ба баъзе аз сокинон, ки аз роҳи дур омада буданд, иҷоза надоданд, барномаи фарҳангиро дар майдони марказии шаҳр тамошо кунанд.

Читайте на сайте


Smi24.net — ежеминутные новости с ежедневным архивом. Только у нас — все главные новости дня без политической цензуры. Абсолютно все точки зрения, трезвая аналитика, цивилизованные споры и обсуждения без взаимных обвинений и оскорблений. Помните, что не у всех точка зрения совпадает с Вашей. Уважайте мнение других, даже если Вы отстаиваете свой взгляд и свою позицию. Мы не навязываем Вам своё видение, мы даём Вам срез событий дня без цензуры и без купюр. Новости, какие они есть —онлайн с поминутным архивом по всем городам и регионам России, Украины, Белоруссии и Абхазии. Smi24.net — живые новости в живом эфире! Быстрый поиск от Smi24.net — это не только возможность первым узнать, но и преимущество сообщить срочные новости мгновенно на любом языке мира и быть услышанным тут же. В любую минуту Вы можете добавить свою новость - здесь.




Новости от наших партнёров в Вашем городе

Ria.city
Музыкальные новости
Новости России
Экология в России и мире
Спорт в России и мире
Moscow.media










Топ новостей на этот час

Rss.plus