Наздикони дипломати фавтидаи турк дар Ишқобод ба додситонӣ шикоят бурданд

Ҳамсари дипломати фавтидаи турк дар Туркманистон аз болои масъулоне ба додситонии Туркия шикоят бурдааст, ки ба иддаои ӯ, дар марги шавҳараш ҷавобгаранд.


Мушовири Сафорати Туркия дар Ишқобод оид ба масъалаҳои динӣ Кемал Учкуни 57-сола 7 июли соли равон дар беморхонаи пойтахти Туркманистон эҳтимолан бар асари коронавирус ҷон бохт.


Ҳамсари Кемал -- Гюзиде Учкун талаб дорад, масъулоне ба ҷавобгарӣ кашида шаванд, ки барои овардани дипломат ба ватан сари вақт ҳавопаймо нафиристоданд ва шавҳари ӯ дар бахши касалиҳои дили бемористони Ишқобод 11 рӯз мунтазири ҳавопаймо монд.


Тавре нашрияи Sozcu иттилоъ додааст, хонум Учкун ҳоло муҷозоти мудири кулли хадамоти "ёрии таъҷилӣ"-и Вазорати тандурустии Туркия, Семих Коркут, сафири Туркия дар Ишқобод Тоган Орал, муовини президент дар умури динӣ Селим Аргун ва мудири кул оид ба масоили мазҳабии Идораи корҳои дини Туркия Эрдал Аталайро талаб дорад.


Табибони турк баъди мушоҳидаи акси ташхисҳое, ки худи Учкун ба ватан фиристода буд, гуфтанд, эҳтимоли мубталошавии дипломат ба коронавируси нав 90-99 дарсад аст. Вале табибони туркман гуфтаанд, ӯ бар асари илтиҳоби шуш фавтид.


Як манбаи огаҳ аз қазия гуфт, дипломати турк борҳо аз мақомоти Анқара хоста буд, ки ӯро ба ватан интиқол диҳанд. Вале ин кор анҷом нашуд. Зеро Ишқободи расмӣ ба парвози ҳавопаймои "ёрии таъҷилӣ" ба он кишвар иҷозат надодааст.


"Ҷониби Туркманистон барои интиқоли дипломат иҷозат надод, зеро намехост, мавҷуд будани коронавирус дар он кишвар ифшо шавад ва ҳукумати Туркия низ барои розӣ гардонидани Ишқободи расмӣ фишори кофии сиёсӣ наовард. Мақомоти туркман барои пинҳон кардани мавҷудияти коронавирус ба парвози ҳавопаймо иҷозат надоданд ва мунтазир монданд, ки кай дипломат мефавтад", - изҳор дошт ҳамсуҳбати мо.


Мақомоти Туркманистон то ҳол иддао доранд, ки дар он кишвар ягон ҳолати мубталошавӣ ба коронавирус сабт нашудааст. Вале хабарнигори бахши туркмании Радиои Озодӣ бо радди ин иддао пайваста хабар медиҳад, ки шумори мубталоёни вируси нав дар он кишвар афзудааст.

Читайте на сайте


Smi24.net — ежеминутные новости с ежедневным архивом. Только у нас — все главные новости дня без политической цензуры. Абсолютно все точки зрения, трезвая аналитика, цивилизованные споры и обсуждения без взаимных обвинений и оскорблений. Помните, что не у всех точка зрения совпадает с Вашей. Уважайте мнение других, даже если Вы отстаиваете свой взгляд и свою позицию. Мы не навязываем Вам своё видение, мы даём Вам срез событий дня без цензуры и без купюр. Новости, какие они есть —онлайн с поминутным архивом по всем городам и регионам России, Украины, Белоруссии и Абхазии. Smi24.net — живые новости в живом эфире! Быстрый поиск от Smi24.net — это не только возможность первым узнать, но и преимущество сообщить срочные новости мгновенно на любом языке мира и быть услышанным тут же. В любую минуту Вы можете добавить свою новость - здесь.




Новости от наших партнёров в Аргуне

Ria.city
Музыкальные новости
Новости Чечни
Экология в Чечне
Спорт в Чечне
Moscow.media










Топ новостей на этот час в Аргуне и Чечне

Rss.plus