Артиши Исроил рӯзи 1-уми август тасдиқ кард, ки Муҳаммад Зайф, раҳбари шохаи низомии "Ҳамос" (Амрико ва Иттиҳоди Аврупо созмони террористӣ медонанд) дар як ҳамлаи ҳавоӣ дар моҳи июл дар Ғазза "кушта шуд". Гурӯҳи тундрави "Ҳамос" ҳанӯз вокуниш накардааст.