Радиои Озодӣ видеои латукӯби сарбозеро ба даст овард, ки эҳтимолан сабаб шуд, Эмомалӣ Раҳмон, раиси додгоҳи ноҳияи Шамсиддини Шоҳинро аз мақомаш барканор кунад. Фармони барканории Зоҳир Муминзода, рӯзи 18-уми июл содир шуд ва ӯ дигар ҳаққи кор дар ин соҳаро ҳам надорад.