Мурофиаи журналисти рус Прокопйева мавқуф гузошта шуд
Светлана Прокопйеваро дар сафедкунӣ ва таблиғи терроризм гунаҳгор мекунанд. Парванда бар асоси барномаи ӯ дар шабакаи “Эхо Москвы в Пскове» боз шудааст. Дар ин барнома журналист назари худро дар бораи сабабҳои ҳамлаи терористӣ ба раёсати ФСБ дар Архангелск баён карда буд. Ӯ дар ин барнома тахмин кард, ки эҳтимолан рафтори Михаил Жлобитский, ки дар таркиш кушта шуд, натиҷаи сиёсати мақомот будааст.
Ба ҳимояи Прокопйева журналистону ҳомиёни ҳуқуқ дар Русия ва хориҷ аз он садо баланд карданд. Рӯзи 1 октябр беш аз 50 нашрияи мустақили Русия маъракаи пуштибонӣ аз Прокопйеваро барпо карда ба шакли хаттиву видеоӣ номаи бози ӯро нашр карданд, ки “Ҳафт сол бар ивази ду саҳифа матн” ном гирифт.