Расонаҳо: Стивен Э. Бигун - номзад ба мақоми сафирии ИМА дар Русия
Президенти ИМА Доналд Трамп номзадии Стивен Э. Бигунро, ки дар гуфтугӯҳо бо Кореяи Шимолӣ Вашингтонро намояндагӣ мекард, ба мақоми сафирии кишвараш дар Русия баррасӣ дорад. Дар ин бора Reuters бо истинод ба як манбаъ дар Кохи Сафед хабар дод. Расонаи Vox ду рӯз пеш бо такя ба ду шахси наздик ба Трамп хабар дод, ки Бигун номзади асосӣ ба мақоми сафирии ИМА дар Русия аст.
Сафорати ИМА дар Москва ҳафтаи гузашта номаи Ҷон Ҳатсман ба Трампро нашр кард, ки гуфта буд, 3 октябр аз мақоми худ канор хоҳад рафт. Дар ҳоли ҳозир дар бораи номзадҳои дигари эҳтимолӣ ба мақоми сафирии ИМА дар Русия маълумоте рӯи даст нест.
Стивен Бигуни 56-сола улуми дипломатия ва забони русиро дар Донишгоҳи Мичиган омӯхтааст. Ӯ ибтидои солҳои 90-ум раҳбари намояндагии Пажуҳишгоҳи байналмилалии ҷумҳуриявӣ дар Москва ва дар замони президентии Ҷорҷ Буши хурдӣ дар Кохи Сафед мушовири умури хориҷӣ буд.