Президенти Туркманистон дар мазҳари ом пайдо ва аз Россия лимузин харид
Дар Туркманистон рӯзи 12 август Анҷумани иқтисодии Каспий (Хазар) ба кор шурӯъ намуд. Бино ба иттилои Бахши хабарии Осиёи Марказӣ, Қурбонгулӣ Бердимуҳаммадов, президенти Туркманистон давоми чанд ҳафтаи нопайдоӣ бори аввал дар ин анҷуман ҳузур пайдо кард. Гуфта мешавад, Бердимуҳаммадов бо ғайб заданаш аз мазҳари ом овозаҳоеро дар бораи бемориву маргаш доман зад.