Зодаи Узбекистон 300 ҳазор доллари як нафақахӯри русро рабуд
"Як фарди ношинос 300 ҳазор доллари нафақахӯрро дуздидааст. Пулҳо дар қуттии коғазӣ дар ошёнаи севуми манзили нафақахӯр нигаҳдорӣ мешуд", - иттилоъ доданд мақомот.
Дар дуздии пулҳо зодаи Узбекистон гумонбар мешавад, ки 10 сол дар ин хона ба ҳайси хизматгор кор мекард. Аз рӯи ин ҳодиса парванда боз ва гумонбар дар ҷустуҷӯ эълон шудааст.