"Саргардон шудем." Ғами муштариёни “Душанбе Сити”-ро кӣ мехӯрад?
"Занг мезанем, ҳеч кас ҷавоб намедиҳад. Тахминан 200 бор занг задем." Акбарҷон Зокиров аз шаҳри Хуҷанд бо баёни ин ҷумлаҳо гуфт, наметавонад бист ҳазор сомонии худро аз корти "Душанбе Сити Бонк" бигирад ва ба кораш идома диҳад. Касе аз намояндагони бонк шарҳ намедиҳад, ки чаро ин вазъ пеш омад.